Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Миёна.
– Не– е, – оҳанги эътироз мекунад Равшан. – Ман ҳам хондам. Асари олиҷаноб. Ҳатто, гуфтан мумкин, яке аз дастовардҳои адиб дар солҳои охир.
– Дастовард– а?– хандаи ночаспоне мекунад Н. – Чунон суст, ки… Ман ин хел асарҳоро ба поям менависам.
Дере нагузашта, дар кадом як рўзнома навиштаҳои Н. ба табъ мерасанду ў аз Равшани Ёрмуҳаммад мепурсад, ки оё вай онҳоро хонд.
– На фақат хондам, – механдад Равшан, – балки бовар ҳам кардам.
– Бовар кардӣ?– ҳайрон мешавад Н. – Ба чӣ?
– Ба он ки ту ба поят асар менависӣ…

БАЙТИ ДУРУСТ

Абдулҳамиди Самадро байте мафтун месозад, ки Бозор Собир дар пешсухани китоби шоири ҷавон Н. ба сифати намуна оварда буд. Вале давоми шеърро аз китоб наёфта, аз худи Бозор Собир мепурсад:
– Ин хел шеър дар китоб нест.
– Барои чӣ? – ҳайрон мешавад Абдулҳамид.
– Рост, – механдад устод Бозор. – Вале азбаски аз китоб байти дурусте пайдо нашуд, ноилоҷ худам…

БЕҲУРМАТӢ

Боре Ҳайрат Шанбезода дар шоҳмотбозӣ аз Арбоб Вадуд мағлуб шуду бо қаҳр гуфт:
– Ҷавонони ҳозира одобу тамиз надоранд! Ин беҳурматӣ аст ба мўйсафедон ва партия!!!
(Ҳайрат Шанбезода он вақт котиби ташкилоти партиявии нашриёт буд).

пешина
аз 231
навбатӣ