Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Лаби ширин аз бўса озурда намешавад!
– Азбаски духтарамон хушрўй аст, як қишлоқ домод дорем…
– Раис аз чилу ду дарё гузарад ҳам, суми аспаш тар намешавад!
Ҳаромӣ се рўй дорад.
Барфи чиллаи хурд ковок мебиёяд.
– Пул бошад, хар чӣ лозим. – Худам ҳангас мезанам!
– Гов дар Бухоро, ҳўш– ҳўшаш ин ҷо!
Оби борон соҳилро мешўяд.
Аз мор гурехту ба милиса зад.
Рўзи сиёҳ ҳурмати мўйи сафедро намедонад.
Алав шавӣ, сўхта наметавонӣ, дарё шавӣ– бурда.
Духтари киву писари кӣ,
Дахмааш дар сари кӣ?!
Карбоси бою атласи гадо.
Рости гадо ба дурўғи бой поргӣ намешавад.
Дард ба асп меояд, ба сангпушт меравад.
Кӣ дард кашад, кӣ оҳ гўяд.
Ҳезум бошӣ, аз табар натарс.
Чӣ чоҳ кобӣ, чӣ зан гирӣ.
Ба об роҳ нишон надеҳ.
– Ман аз шумо калон будаам, луқмаи шумо– аз ман!
Дилро чашм гумроҳ мекунад.
Меҳмон– атои худо, аспаш балои худо.
Барф ба сари бой ҳам мебораду ба саори камбағал ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё