Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хонаи безан– анбори холӣ.


Гов дошта бошӣ, гўсола қарз медиҳам.


Духтари хона– чароғи бегона.


Ситорааш Миррих омад (Яъне бахташ натофт).


Бо дарё пойга накун.


Хари давлатманд аз тўрбаи асп ҷав мехўрад.


Марду зан– корду ғилоф.


Бо кофтани дандон шикам сер намешавад.


Беномусро ба хона роҳ надоданд, вай мегўяд: «Харама кучо бандам?»


Хара ба тўй даъват намуданд, вай оҳ кашид: «ҳезум тамом шудааст– чӣ?»


Чор дарбандӣ ҳамроҳ бозор мераванду аз дил мегузаронанд: «Ягон кас нест, ки дилатро холӣ кунӣ…»


Духтари Қирмиза бин,
Булбули Тирмиза бин.


Оё сукути ҳайкал ҳам аломати ризост?


Дуоҳои холаи Соҷида:

  1. –Рўи меҳмони нохондаро бинӣ!
  2. –Аз даҳанат бўи оғал ояд!
    ХОЛАИ МАҲТОБ

Шаб. Осмон– ситоразор, холаи Маҳтоб ба ситораҳои пурчило ба меҳр менигараду мегўяд:
– Духтаронам…


Хари ҳамсоя мурд. Холаи Маҳтоб гиря кард.
– Акнун ба лаппиши чӣ механдем!. .


Баҳор, насими форам мевазад. Холаи Маҳтоб аз хона баромада, рақси лолахасакҳои хандони боми оғалро мебинаду аз шавқи дил… каф мекўбад.


Соли 1964. Авҷи бўҳрони иқтисодӣ. Мағозаҳо– холӣ.
Орд нест, равғану биринҷ– тухми анқо. Сари дузд – баланд, дасти ҳаннонт– дароз. Ҳоли халқ – табоҳ…
Холаи Маҳтоб гаранг аст, ба фаҳми кори дунё намеравад. Рўз торик мешавад, вале ў гўгирд надорад, ки чароғи хонаашро даргиронад…
Аз радио хабарҳои охирин мешунавонанд. Ровӣ аз ҳуҷуми навбвтии тайёраҳои бомбаандози Америка ва дар чанд музофоти Ветнам забона задании алангаи оташ иттилоъ медиҳад.
Холаи Маҳтоб намедонад бомба чист, дар хонаи торик орзуи равшанӣ мекунад. Яъне, бисёр мехоҳад ба иродати худо тайёраҳои Америка дар фазои деҳаи онҳо пайдо шаванду аз ҳамон бомбаҳои оташафкан се– чорта партоянд…


Замин ҷунбид, дару девор шақаррас зада, садо бароварданд. Холаи Маҳтоб ҷонсарак шуда, ба бистари Акбару Акобир назаре афканду тозон аз хона баромада, сўйи осмон кулўх андохт:
– Ҳўй, Худо, нағма накун. Намебинӣ, дар хона набераҳоям хобидаанд…

пешина
аз 231
навбатӣ