Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚИТЪАҲО

Ошиқе мегуфт дар бечорагӣ:
«…Он парӣ бар дом осонам кашид.
Пайкари ман ҳамчу сўзан карду пас Меҳри худ бар риштаи ҷонам кашид…»

– Бар мўйи сафеди хочаи мо Аз ранги сияҳ фузун фитодаст.
Шояд ки зани ҷавон– ш бар ў Ҳусну тараби шоҳӣ додаст?
– Не, хочаи мо биёяд аз тўй, Ин «ҳусн» зи ҳирси барзиёд аст.
Аз авали шом то дами субҳ Сар ба куни дегдон додаст!. .
АЗ ФОЛКЛОРИ ДАРБАНД

Заранг гуфтааст: «Табардаста аз худам набарояд, ба ман ҳеҷ офат намерасад».


Хар мирад, ҷулу ҷувозаш мемонад.


– Дўғ назанед, чормағзи ман аз санги шумо наметарсад!


Алафи молхўрда аввал дар шикамбааш ҳазм мешавад.


Ба мурғ санг партофту пои худаш шикаст.


Хари дар борон монда гарм намешавад.


Хари пойбанд дур намеравад.


Пойдор мешавем гуфта, аз даст мондем.


– Саг бошӣ, аз почакам гир, ба гарданам чӣ мебароӣ?!.

пешина
аз 231
навбатӣ