Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои чӣ шумо пушти Синоро мегиред?– мегуфт ў ба модар. – О вай зан дорад– ку…

СИТОРА

Баҳорон. Шибир– шибир борон меборад. Посе аз шаб гузаштааст, вале, вале… ман бедор. Намебарад хобам. Ҳарчанд бисёр мехоҳам хобидан. Зеро хастаам, аз бемадорӣ дасту поям меларзанд, дар тани кўҳе бошам.
Аз ин китф ба он китф мегардам, чашмонамро пўшида, то даҳ ҳазор, бист ҳазор мешуморам. Афсўс!
Ақаллан баҳам намеоянд мичаҳо. Ва… ман ноилоҷ боз дар чеҳраи нурафшони ту чашм медўзам.
Он мисли чароғи барқист, ки ноқилаш дар торикӣ ба назар намерасад ва худаш мисли як нуқтаи фурўзони паси пардаи торикӣ гоҳ аз як ҷо менамояд, гоҳ аз ҷои дигар…Чеҳраи беғубори духтарона, чеҳрае, ки чун саҳифаҳои китоби зиндагӣ пурмаъно… чеҳрае, ки бағоят зебо аст!
Табиист, ки ҳоло чеҳраи ту дигаргуна аст, Ситора!
Ҳоло ту модари даҳ фарзанд ҳастӣ ва таровати чеҳраат ҳам даҳ тақсим шудааст. Ҳоло ҳам дилпазир аст он, ҳоло ҳам ҳуш мебарад. Аммо на ҳамчун офтоб, балки мисли як пораи он.
Оҳ, кош, ҳамин пора аз ман мебуд! Оҳ, кош, ҳамин пораяк мебуд насибаи ман дар дунё!. .
Агарчанд бошад камон сахтгир, Ба охир тавозўъ кунад пеши тир.

пешина
аз 231
навбатӣ