Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Он вақт ҳушёр будам– дия!
Садр:
– Рафиқон! Устод Лоиқ гуфтаанд: «Ватан сар мешавад аз гаҳвора»…
Лоиқ:
– Дуруст, мо ҳамин тавр гуфтаем. Лекин аслан ватан аз ҷои дигар сар мешавад!. .

Субҳон Тўйғун:
– Ҳазрати Муҳаммад Иқбол фармудаанд:
Нигаҳ дор худрову хурсанд зӣ,
Далеру дурушту тануманд зӣ!
Мехоҳам, ки навзод «далеру, дурушту тануманд» шавад.
– Дурушт?– пурсид кадоме.
– Ҳа. Яъне… – забон хоид Субҳон Тўйғун.
– …рекет шавад!– ба имдоди ў расид устод Лоиқ.
Садр:
– Сурудхонӣ бас, рафиқон! Ҳофизон омаданд…
– Сафедаш нағз ё сурхаш?
– Ба шумо чӣ фарқ дорад? Шумо милиса– ку…
– Вая диҳам? Дар ҳамин ҷой– а?
– Вая не. Ҳў ана вая!
– Ҳамту гўед– да. Боз ман вая фаҳмидаам…

ЗАН ДОРАД– КУ

Модар аз дар даромада, ҳайрон шуд: Бобоҷон гиря дошт.
– Ҳа, чӣ шуд?
– Сино зад, – чашмонаш ғарқи обашро молид Бобоҷон.
Модар чун фаҳмид, вай ба фармудаи акааш амал накарда, шатта хўрдааст, насиҳатомез гуфт: хурдсолон бояд қобил бошанд, яъне ба гапи калонсолон гўш диҳанд.
Ин «беинсофӣ» Бобоҷонро бештар риққат оварду гиряаш баландтар шуд.

пешина
аз 231
навбатӣ