Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳол он ки он кас гурбаро чашми дидан надоштанд ва ману ту на як бору ду бор шоҳиди лагадмарги гурбачаҳои навзод будем…


Боре гуфтам, ки ба марги Адҳамшоҳ даҳ сол шуд.
– Даҳ солу як рўз, - дарҳол ислоҳ кард модарам…


Баъди нўҳ соли вафоти ту чашми занат… Не, торик нашудааст.
Баръакс, равшан шуд.


Баҳори кадом сол якбора се говамонро сел бурд. Бо вуҷуди ин падарам чандон парво накарданд. Фориғболии он кас модарамро дилтанг кард.
– Наход ба говҳоятон дилатон насўзад? – гуфт ў таънаомез.
– Дил бошад, ки сўзад, - даст афшонданд падарам.
– Дилатон нест? – ҳайрон шуданд ҳозирон.
– Ҳа… - оҳи бадард кашиданд он кас . – Об шуда,аз чашмонам рехта буд. Рўзи марги Адҳамшоҳ…
Зиёд дидаам, ки Аҳмадшоҳ мекӯшид ҳама андӯҳи хешро ба ханда бикушад. Ман инро бештар тӯли чанд соле ки ба бемории сактаи мағз гирифтор шуда, ранҷ мекашид, эҳсос кардам. Дар бемористон буд, ба аёдаташ рафтем. Вазнин буд аҳволаш, бар замми ин тангдастӣ, камчинии доруворӣ… Бо вуҷуди ин… моро хандондан мехост. Боре чунин нақл кард: Шумо медонед, ки як моҳ қабл аз бемориам дар Қаратоғ чанд нафар силоҳбадаст ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо маро, ки дар ному насабам унсури шоҳ ҳаст, бадахшонӣ пиндошта, аз мошин фароварданд ва се рӯз дар таҳхона нигоҳ дошта, қариб буд паронанд. Имрӯз ҳамкорам Ҳайрат Шанбезода ба дидорбинӣ омада буд. Ҳангоми рафтан муғамбирона табассум карда, гуфт: Дидӣ, се рӯз бадахшӣ шуда, ба ин аҳвол афтодӣ. Офарини ман, ки якумр бадахшиам.
Ҳарчанд барояш душвор буд, дарун-дарун хандида, «зӯр» гуфт Аҳмадшоҳ он рӯз ва оҳиста чашмонашро пӯшид.
Воқиан, дар хусуси ҷанги шаҳрвандӣ Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ чанд чизи хуб ҳам навишт:
– Барои чӣ дина ба имтиҳонсупорӣ наомадӣ?
– БТР вайрон шуд.

пешина
аз 231
навбатӣ