Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Зудтар биё, ки шӯрбои…
ҳамсоя пухт!» ба иззати нафси Акобир расидааст, ки ман магар ба шӯрбои ҳамсоя зор будам?!
Аҳмадшоҳ чанд лаҳза ба сукут рафта, гуфт:
– Дарро задам, девор кафид. Садқаи чунин момои хушгил шавад Акобири ҳафтафаҳм…
Сипас тибқи одат (агар аз чизе дилаш мегирифт, ба ягон нақли хандаовар худу дигаронро хушҳол мекард), аз рӯзгори ҳамсояи холаи Маҳтоб – амаки Икром чунин қисса кард: Ҳамсояи камбизоати амаки Икром мехоҳад ду рӯз тӯй дода, дасти писарбачаашро ҳалол бикунад. Вақти маслиҳат ба ӯ мефаҳмонанд, ки хароҷоти зиёд чӣ лозим, беҳтараш се-чор мӯйсафедро сарҷамъ бикуну маъракаро гузарон. Розӣ намешавад. Ақаллан як рӯз ба халқ бояд нон диҳам, мегӯяд мард. Аз ин якравии ҳамсоя амаки Икром шӯрида мегӯяд: Ҳӯй, бача, кӯрпата дида пота дароз кун. Халқ ба нони ту барин камбағал зор нест. Баъд ин ки ту магар СССР ҳастӣ, ки ба халқ нон медиҳӣ…
Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ на танҳо дар навиштани ҳаҷвияҳо, балки ҳикояҳои дигар низ дасти расо дошт. Дар оғози солҳои навад додари нависанда – Адҳамшоҳ ғурамарг шуд. Дар маъракаҳои мотам мардуми деҳа аз «марги додар насӯхтан»-и Аҳмадшоҳ, ки тибқи таомули деҳа бояд тоқию ҷома пӯшида миёнашро мебаст, дар даст асо ба пешвози баҳри таъзияомадагон аз дарду алам овоз меандохт, даҳони ғайбат кушоданд. «Сараш луч, рӯзи дароз дар лабаш сигарет дар кунҷе менишаст», - мегуфтанд ҳамсоягон. Аммо… ба қарибӣ чанд ҳикояи хурди нависандаро ба ёди додари ҷавонмаргаш хонда, ба андеша рафтам: ҳамдеҳагон аз куҷо медонистанд, ки он рӯзҳо чи ғаму андӯҳи бузургеро дар худ фурӯ бурдааст Аҳмадшоҳ.
Ҳоло чанд пора аз он ҳикояҳо.
Боре як одами ношинос ба суроғи ман омада, бастаеро ба дастам доду гуфт: Ин сигаретаҳоро панҷ сол қабл аз ин Адҳамшоҳ ба шумо фиристода буд. Вале ман сари вақт оварда натавонистам, - маҳбус будам…
Тамокукаширо кайҳо партофта бошам ҳам, аз он ду-сето кашидам…
Баъди вафоти ту падарам хароб шуданд, аз чашмонашон беист об меравад, вақти хоб хуррак намезананд ва – аҷибтар аз ҳама – аз зоидани гурба шодӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё