Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– 150 сўм.
– Арзон. Беҳад арзон!. .
Баъди пешин донистан хостем: барои чӣ Ҳайрат палавро арзон гуфт: 150 сўм магар арзон аст?
Ў хандид.
– Қиммат аст. Лекин ман барои ҳавсманд кардани меҳмонон ин тавр гуфтам. Агар қиммат мегуфтам, онҳо бо ман ба ошхона намерафтанд…
17. 12. 1995.
БАРОИ ЧӢ ОМАД?
Рўзҳои сахту сангин фаро расиданд. Рўзҳое, ки ба дилтангиву гуруснагӣ бегоҳ мешуданд, рўзҳое, ки ба қавли шоир «аз сару дили мо» мегузаштанд, вале ба «азобу заҳматҳои алим ва ранҷу меҳнатҳои азим». Дар яке аз чунин рўзҳо худо ба дили фуқаропарваре раҳм андохт.
– Агар малол наояд, – гуфт ў– ман ҳоло шуморо ба як ошхона бурда, бо мудираш шинос мекунам. Баъд як ҳафта худатон ба он ҷо рафта, бепул таом мехўред.
Аз ин пешниҳод чашми Н. барқ зад. Вай пахтаи гўшҳояшро, ки шамол хўрдаву дардманд буданд, кашида, ба фуқаропарвари ҳимматбаланд наздиктар рафт.
– Илтимос, ҳамин гапатонро боз як бор гўед, гўшҳоям ҳузўр кунанд!
Фуқаропарвари ҳимматбаланд аз кори Н. ба шавқ омада, гуфт: «Ака, шумо на фақат нависандаи хуб, балки актёри соҳибисиеъдод ҳам будаед». Сипас шиками бузургашро хорида, ба сухани худ илова намуд: «Ба таомҳои нисфирўзӣ сад грамм арақ ҳам зам мекунем!»
Ранг аз рўи Н. парида, донистан хост: вай хоб аст ё бедор?
– Бедор! Бедор!.. – гаронборона аз ҷой хест Фуқаропарвари ҳимматбаланд, – рафтем:
Хуллас, ба ошхона рафта, бо мудири он шинос шудем. Вай додари фуқаропарвари ҳимматбаланд будааст, пешниҳоди акаашро зуд пазируфта, даст ба сандуқи сина ниҳод, яъне: нури дида тоҷи сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё