Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Дар истгоҳи «Ватан» як гурўҳ духтарон ба троллейбуси серодам савор мешаванд. Падари Н. дар байни духтарҳо мемонад ва муддате маҷоли ҷунбидан намеёбад.
Дар истгоҳи навбатӣ– «Вахш»– троллейбуси пуродам боз пуртар мешавад– он рўз дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ нахустнамоиши намоишномае баргузор гардида буд. Ва гурўҳи духтаронро пештар тела медиҳанд. Акнун худи шоир Н. муддате дар ҳалқаи онҳо мемонад.
Шоир Н., чунон кидар ҳалқаи оташ афтида бошад, бетоқат шуда, печутобхўрон базўр худро ба падар мерасонаду мегўяд: «мефароем…»
Онҳо дар истгоҳи «Хонаи матбуот» мефароянд.
Падар ҳайрон мешавад.
– Мо бояд ба Қарияи Боло мерафтем. Барои чӣ дар ин ҷо фаромадем?
– Барои он, ки– забон мехояд писар, – дар ҳалқаи духтарон ҳоли ман табоҳ шуд.
– Барои ҳамин фаромадем?– норозиёна абрў ба ҳам мекашад падар. – Душвор бошад ҳам, бояд тоқат мекардӣ.
– Охир, онҳо аз чор тараф ба ман ҷафс мешуданд.
Тоқат кардан ҳеҷ имкон надошт.
– Чӣ тавр… надоштӣ? Ман тоқат кардам– ку!
– А? Магар шумо ҳам…
– Ҳа, бачем. Ман дар истгоҳи «Ватан» мурда будам…
17. 12. 1995
БО МАН НАМЕРАФТАНД
Боре дар ҳузури меҳмонони бадахшӣ Ҳайрат Шанбезода аз мо пурсид, ки оё дар ошхона палав мепазанд?
– Ҳа, – гуфтем мо.
– Нархи як табақчааш чанд сўм бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё