Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охир, ин кор аз сари адолат нест, – табассум дар лаб гуфт Аҳмадшоҳ. Дар он табассуми малеҳи ҳаҷвнигори чирадаст як ҷаҳон маънӣ нуҳуфта буд. Ёд дорам, баъдҳо он воқиа дар шакли як ҳаҷвияи хонданӣ рӯи чоп омад.
Адиби маъруфи тоҷик Саттор Турсун боре аз Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ёд карда, навиштааст: «Ёдаш гиромӣ бод, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ… нахандида ҳам, аз таҳти дил механдид.
Қариб надидаам касеро, ки ба касбаш ин қадар муносиб бошад».
Воқиан амиқ дарёфтааст хулқу хислат ва ҳунари ҳаҷвнигории Аҳмадшоҳро устод Саттор Турсун. «Нахандида аз таҳти дил хандидан…» Ба ростӣ ҳунари воло ва ҳамзамон душвор аст ин кор!
Умуман софдилона дар ханда шудан кори ҳар кас нест. Чунки ин гуна ханда ҳамеша аз қалби поку бериё, дидаи ҳақнавоз бармеояд. Нависандаи рӯҳшинос Фёдор Достоевский барҳақ нигоштааст: «Агар мехоҳед ба як нафар баҳо диҳед, аз дилу нияташ бохабар шавед, ба чӣ тарз сукут варзидан, чӣ гуна ҳарф задан ё гиря кардани ӯ ва ҳатто ба кадом андоза аз ниятҳои нек ба шавқ омаданаш таваҷҷуҳ нанамоед. Беҳтараш ҳангоми хандидан ӯро назора кунед. Агар хандаи зебо дорад, - пас, инсони хуб аст».
Хандаи зебою беғаш дошт Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ! Ҳар куҷое пайдо мешуд, деги хандаю ҳаҷв меҷӯшид. Ҳеҷ гоҳ сохта намехандид. Аз ин ҷост, ки ҳаҷвияҳояш низ самимианд, саршор аз зарофат, танзи нишонрас ва малеҳиятанд. Умуман тӯли ҳамнишинию ҳамкорӣ боре нашунидаам, ки Аҳмадшоҳ касеро ғайбат карда бошад. Агар айби касеро гуфтан хоҳад, ягон рафтори ноҷои ӯро латифамонанд чунон бамаврид меовард, ки сомеъон ҳайрон мемонданд: ҳаҷвнигор ӯро сифат мекунад ё маломат? Чунки ба ҳама хайрхоҳ буд ӯ. Шояд устод Саттор Турсун «ба касбаш ин қадар муносиб» гуфта, ҳамин хислати Аҳмадшоҳро дар назар дошта бошад. Зеро қобилияти айбро дар ҷомаи ҳаҷви малеҳ гуфтан дошт Аҳмадшоҳ ва аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ мебаромад. Дар ҳалқаи ҳамкорон, маҳфилу нишастҳо ва раҳораҳ барои ҳаҷвияҳояш мавзуъ меҷуст ва хушбахтиаш дар он буд, ки ба осонӣ меёфт. Чунки баистеъдод буд ҳаҷвнигори шинохтаи мо. Вай ба ҳаҷвияҳояш собит сохт, ки агар нависанда жарфнигоҳ аст (воқиан, ин муҳимтарин унсури эҷодкорист), метавонад ҳатто дар доираи ҳамкорону ҳамнишинон силсилаҳикояву қисса ва романҳои марғуб нависад.

пешина
аз 231
навбатӣ