Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ин андешаҳоро вобаста ба ёди ҳаҷвнигори шинохтаамон шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ рӯи коғаз меорам. Зеро аминам, ки вай ба навиштаҳои хеш ба насри муосирамон як накҳати тару тоза овард. Ба ҳаҷву танзи нозукаш андаке бошад ҳам, боғи адабиётро перостатар гардонд. Умри кӯтоҳ дид Аҳмадшоҳ, ҳамагӣ чилу нӯҳ сол! Дар ин муддат ҳафт китоби хурду бузургҳаҷми ӯ аз чоп баромад: «Гап байни худамон», «Каҷ дору марез», «Дасти ману домани шумо», «Зинда будан кам аст», «Арӯс аз Тошканд», «Холаи Маҳтоб» ва «Дарро задам, девор кафид». Ҳар гоҳе ҳаҷвияҳои Аҳмадшоҳро аз нав мехонам, боварам дучанд мегардад, ки асло пеши худ намебофт вай ҳикояро.
Ҳарчанд мегӯянд беҳтарин асари бадеӣ аз тахаюли муаллиф бармехезад, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ бештарин ҳикояҳояшро, алалхусус солҳои охир, дар заминаи воқеаҳои ҳаётӣ ва шахсони мушаххас менавишт, аз сӯҳбату гуфтори атрофиён сужа мебофт, аз воқиаю рӯйдодҳои барои дигарон камарзиш мавзуъҳоеро меёфту дар ҷомаи ҳаҷву танз пешкаш мекард, ки кас дар ҳайрат мемонад. Вай ба ҳама барору нобарории зиндагӣ аз даричаи ҳаҷв менигарист ва яқин дарёфта буд, ки ҳақиқат дар ҳаҷв тавлид мешавад ва дар ҷомаи ҳаҷву танз метавон беибо сухани рост гуфт. Хаёлам олуда ба ҳаҷв нафас мекашид, аз як ҷузъиёти зиндагӣ метавонист чизи хондание бинависад.
Боре ҳамроҳ ба назди дӯсти додрасамон рафтем. Мебоист ҳарсе ба маъракае мерафтем. Рӯз гашт мекард. Дар дафтари кори дӯстамон се-чор нафар менишастанд. Моро хуш қабул карданд. Як ҷавони чусту чолок ноаён берун рафта баъд аз муддате халтача дар даст баргашт ва дар кунҷ, болои мизи пастак, аз санбӯсаю ҳасиб ва меваҳо дастархон ороста, як шиша шароб низ гузошт. Сӯҳбат дар гирди хон гармтар идома ёфт. Чун мо иродати хестан кардем, дӯстамон хоҳиш намуд то мурофиаро гузаронидани ӯ мунтазир бошем. Азбаски ҳаво сард буд, нагузошт то дар берун ӯро интизор шавем. Хулоса, ҳамроҳи Аҳмадшоҳ ду курсии дар зери девор қатор гузоштаро соҳибӣ карда нишастем. Дар ҷараёни мурофиа маълум гашт, ки ҳамон ҷавон ба кадом як рафтори қаллобӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешудааст. Ҳангоми пурсиш додрас ҷиҳати собит кардани гуноҳи ӯ тезу тунд мегуфт, ҳатто ба сараш арбада мекард.
Ин манзараро дида Аҳмадшоҳ оҳиста аз ман пурсид: Оё ҳозир ҳамин ҷавон дастархон наороста буд? Ман ба аломати ризо сар ҷунбондам. Пас чаро дӯсти додрасамон ба сари ун бечора беибо дӯғу пӯписа мекунад…

пешина
аз 231
навбатӣ