Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Пишак хоҳиши ўро рад карда, гуфт, ки ў табиатан душмани паррандагон аст.
Хаффош бо аҷзу лоба гуфт, ки ў парранда нест, балки муш аст. Пишак ўро раҳо кард.
Чанде нагузашта буд, ки хаффоши мазкур ба замин афтоду пишаки саҳроии дигаре ўро асир кард. Хаффош боз илтимос кард, ҳаёти ўро бубуахшад. Пишак гуфт, ки ў табиатан душмани муш аст ва лиҳозо ҳаёти ў ҳифз шуда наметавонад.
Хаффош бо тазаррўъ гуфт, ки ў муш нест, балки хаффош ҳаст. Хаффоши зирак боз худро бо ин далелҳо аз чанги пишак раҳоӣ бахшид.
Беҳтар аст аз воқиаҳо ба таври маъқул истифода кард!
ХАР ВА ЧИРЧИРАК
Харе дар домани кўҳ чаро мекард, ки ногоҳ овози чирчираке ўро ба худ ҷалб кард. Ин овоз дар рўҳи хари бечора он қадар таъсир ворид намуд, ки беихтиёр ошиқи шайдои ин овоз гардид ва бо худ фикр кард, ки ҳамчунин овози дилкаш дошта бошад. Рўи ин манзур назди чирчирак рафт ва аз ў пурсид:
– Оқо, иҷозат медиҳед бипурсем, ки шумо чӣ ғизое нўши ҷон мекунед, ки чунин овози рўҳнавозе ба шумо насиб шудааст?
Чирчирак гуфт:
– Аз лутфи шумо ташаккур. Хўроки мо фақат шабнами субҳгоҳӣ аст.
Хари соддалавҳ ба худ аҳд кард, ки аз ин баъд чизе ба ҷуз шабнам нахўрад. ҳамон буд, ки чанде баъд аз гуруснагӣ ҳалок шуд.
ДУБӢ ВА ЗУFОЛФУРЎШ
Зуғолфурўше хонаеро киро гирифта буд. Рўзе назди дўсташ, ки як нафар дубӣ (шустагар) буд, рафт ва гуфт:
– Азизам, биё дар ҳамон манзиле, ки тоза кироя гирифтаам, бо ҳам якҷоя зиндагӣ кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё