Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– То аз худ наравед, ба ҷое намерасед…
– Дуруст, кисаи ман холист. Вале инро ғайри дасти худам, касе намедонад…
– Аз қошу қавоқи вазир барфу борон резад ҳам, ҳуҷраи кораш гарм буд…
– Ўро заданӣ будам, вале… Хайрият, Худо аз ман пешдастӣ кард…
– Ҳайрон нашав. Ман баъзан нахандида ҳам механдам…
– Ҳамаи нависандаҳо қаҳваро дўст медоранд, вале Балзак яктост…
– Иноят ҷойҳои бемўи сарашро ҳам шона мекунад…
– Ин роман ба пиҷаки кўҳнае монанд аст, ки дар ҷайбаш қабза – қабза пулҳои нав дорад…
– Қиссаи наваш чун шароби кўҳна буд: зуд таъсир мекард…
– Ҳоло пешпо хўрдан аз шамол хўрдан осонтар аст…
МАСАЛҲО
ГУРГ ВА БАРРА
Баррае аз рама ақиб афтода рамаро гум кард ва дар наздики ҷўйбое ҳайрону парешон истода буд. Гурге аз тарафи боло меомад. Вақте ки чашми гург ба барра афтод, бо худ фикр кард, то далеле барои хўрдани ў пайдо кунад. Рўи ин манзур барраро чунин хитоб кард:
– Эй барраи беҳаё, обро чаро гилолуд месозӣ, намебинӣ, ки ман ташна ҳастам?
Бара гуфт:
– Ҷаноб, шумо болои об ҳастед ва ман дар тарафи поин. Об аз тарафи шумо ба тарафи ман меояд. Пас, ман чӣ гуна метавонам оби шуморо гилолуд созам?
– Э бешарм, ба ёд дорӣ, ки соли гузашта маро дашном дода будӣ?
– Оқо, бовар кунед, соли гузашта ман ҳанўз таваллуд нашуда будам.
– Чаро алафҳои маро хўрдӣ?
– Ўҳ, бубахшед, оқо, ман барраи ширхор ҳастам ва ҳанўз алаф нахўрдаам.
– Чаро аз обе, ки ба ман таалуқ дорад, нўшидӣ?
– Ҷаноб, ман ҳанўз ба обу алаф ошно нестам, зеро шири модарам ба ман ҳам об асту ҳам алаф.
Дар ин вақт гург фарёд карда гуфт:
– Эй забондароз, пас ман дурўғгў ҳастам?!
Ин бигуфт, бар ў ҳамла кард ва ўро дарид.
Гурги гурусна ғизо мехоҳад, на истидлол!
ХАФФОШ
Хаффоше ба замин афтида буду як пишаки саҳроие ўро асир кард.
Хаффош бо аҷзу зорӣ дархост кард, ки ҳаёти ўро бубахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё