Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷибаш – ҳар дам ҳаворо бўй кашида, ягон сухани лутфомез мегуфт:
– Оҳо, накҳати гули садбарг! Оё дар дунё аз садбарг хушбўйтар гуле ҳаст?!
– Ваҳ– ваҳ… Ба худо, ки девона шудан мумкин аз ин бўи димоғпарвари гўштбирён!
– Шумо чӣ тавр тоқат мекунед? О, беҳуш шавед, ба замин афтед. Охир, кадом як соҳибҷамол доманашро афшонд!. .
Аз он чӣ Саттор мегуфт, дили Ҳасани Муҳаммадӣ гум зад ва гарданашро тоб додаву боло кашида, ба забон овард:
– Афсўс, биниам маҳкам, бўйро намешунавам.
– Худро табобат кунед, – маслиҳат дод ба вай Саидалӣ Маъмур. – То кай ҳамин хел мегардед…
Ҳасанбой оҳ кашид.
– Ба табобат машғулам. Лекин… – сар хам кард ў, – ҳеҷ не, ки кушода шавад ин бинии сабил.
– Медонед, – нохост ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифт Саидалӣ Маъмур, – роҳи бисёр хуби табобат ҳаст. Ҳа– а, бовар кунед…Димоғатон зуд кушода мешавад. Агар як зиёфат диҳед, кадом роҳ буданашро ман ба шумо мегўям.
– Гўед, ҷўраҷон, – дурахшиданд чашмони Ҳасанбой,
– як не, ду зиёфат медиҳам.
Саидалӣ Маъмур ба ҷониби Саттор Турсун бо табассум назарее афканда, маънодор гуфт:
– Раиси ягон хазина шавед!
(ҳамон шабу рўз Саттор Турсунро раиси Хазинаи башардўстонаи дастгирии публитсистикаи Тоҷикистон («Таджикинтерпресс») интихоб карда буданд.)

Зинда будан кам аст

Дар ҷашни мавлуди яке аз ҳамқаламон кайфи Н. баланд шуд. Вай дам ба дам аз ҷой мехест ва суханони дигаронро бурида, нўшбодҳои дуру дарози дилбазан мегуфт.

пешина
аз 231
навбатӣ