Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Навакак дар хонаи додарамон… – як адиби ҷавонро номбар карда, аз финҷони зебои чинӣ ду– се қулт қаҳва нўшид ў. – ҳар ду ҳам медонедаш, дўсти худамон…Аҷаб, ки боз бо занаш моҷаро кардааст. Онҳоро рў ба рў шинонда, ба насиҳату тариқат оштӣ дорондам… кори хуб шуд. – Вай қадре ба сукут рафта, илова намуд: – ҳеҷ қисса не, ҳоло ҷавонанд, намефаҳманд, ки зиндагӣ воқиан бисёр мураккаб аст, баъзан соддагӣ мекунанд…
Иноятуллоҳ филҳол кала ҷунбонда, сухани ўро ба ин байт қувват дод:
Зиндагӣ бар гардан афтодааст, Бедил, чора чист, Шод бояд зистан, ношод бояд зистан…
Баъд мавзўи суҳбатамон дигар шуд. Соате аз ҳар дар гап зада, ниҳоят аз ҷой хестем, то хона ба хона равем.
Қабл аз хайрухуш Иноятуллоҳ ба дўсташ, ки ҳар ду дар як деҳа, дар як кўча ва дар як шаб таваллуд ёфтаанд, гуфт:
– Барои қаҳва ташаккур, Абдусаттор. Ёд надорам, ки бори охир кай ин хел бомазаашро нўшида будам. – Пас дар партави чароғи долон ҷои бемўи сараш асроромез ялаққас зада, гўё нав бедор шуда бошад, мутаҳайир ба гирду пеш назар давонд.
– Исто, ки чаро танҳоӣ? Янгаамон куҷост?
– Дар хонаи падараш…
– Барои чӣ? Меҳмонӣ рафт?
– Э… е…е… – ба мисли кўдаке, ки дар болои гуноҳ ба даст афтидааст, беихтиёр пушти сар хорид Саттор Турсун. – Дирўз боз моҷаро кардем…

Раис шавед!

Бо Саттор Турсун дар як чойхонаи хурдаки қади роҳ чой менўшидем. Табъаш равшан буд, хушнудона ба ҳар тараф назар андохта, ҳазлҳои дилнишин мекард.

пешина
аз 231
навбатӣ