Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат, Аҳмадшоҳ аз ноҷавонмардӣ ва хислатҳои пасти одамон ба танг меомад, дилхун мешуд.
Агар аз ин хусус гап равад, тоқаташ тоқ гашта, даст меафшонду ба ҳазлу шўхӣ мепардохт ва аз ҳаёти одамони накўкору зиндадил ягон саргузашти дилхушкунанда нақл карда, худ ба худ завқ мебурд, хотири ҳозиринро болида медошт. Гўё ба ин рафтори худ гуфтан мехост, ки ҳарчи ҳам бошад, дар дунё аз касифон дида, одамони накўкору беозор зиёдтаранд.
Аҳмадшоҳ дили софу дардошно ва дидаи ҳақбин дошт.
Аз комёбии ҳамқаламон кўдаквор шодӣ мекард, ба адибони ҷавон то аз дасташ омадан кўмак намуда, маслиҳатҳо медод. Агар ягон асари бамағз ва ё дар рўзномаю маҷаллаҳо шеъру ҳикояи хуб хонад, он қадар ба завқ омада, хушҳол мешуд, ки гўё он моли худаш бошад. Нахустин ҳикояҳои маро ў хонда, фикрҳояшро мегуфт. То ҳол он дастнависҳоямро дар бойгониям нигоҳ медорам. Агар дар ягон ҳикоя ба ибора ё ташбеҳи хуб дучор омада бошад, дар ҳошияи варақ навиштааст: «Нағз!», «Офарин!»…
Ҳар бор ҳангоми сафар ба зодгоҳ ҳатман ба қабристони деҳа меравам ва дар баробари зиёрати қабри хешу наздикон мазори Аҳмадшоҳро низ зиёрат мекунам. Дар байни гўрҳои наву кўҳна, дар болои баъзеашон сангҳои бузургҳаҷму майдаи мармарину хоро қабри хоксоронаи ин ҳаҷвнигори чирадастамонро ёфта, ба арвоҳи покаш дуо мекунам ва ба андеша меравам. Лаҳзае ба назарам чунин мерасад, ки аз хасу хори болои қабраш низ бўи ханда мехезад ва беихтиёр ин мисраҳои шоир ёдам меояд:

Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Ончунон зӣ, ки вақти рафтани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон.

Инсони равшанзамир ва нависандаи чирадаст буд
Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ. Рўҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

пешина
аз 231
навбатӣ