Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Китобҳои ў «Гап байни худамон», «Каҷ дору марез», «Холаи Маҳтоб», «Дарро задам, девор кафид», «Дасти ману домани шумо» ва ғайраҳо бешак асарҳои хуби ҳаҷвии адабиёти муосири тоҷик маҳсуб мешаванд.
Аҳмадшоҳ, ки табиатан одами нармгуфтору бекина ва шикастанафасу беозор буд, гўё аз ошкоро гуфтани айбу нуқсони одамон истиҳола мекард ва онро бо як зарофати ба худаш хос мўъҷаз, пардапўшона ва нишонрас мегуфт.
Вақте ки ба бемории сактаи майна мубтало гашта, дар беморхона бистарӣ буд, ба аёдаташ рафтам. Ҳангоми сўҳбат аз бемор шуданаш афсўс хўрда, гуфтам, ки наход шумо, одами зиндадилу зарофатгўй ва шўхтабиат сактаи майна шуда бошед. Мегўянд, ки одам бештар аз зиққӣ ба ин беморӣ гирифтор мешавад.
– Мо, ҳаҷвнигорон, барои он ки бо як ҳаҷвияи хуб дигаронро хандонем, худамон аз зиққӣ сактаи дил мешавем, - гуфт вай ва баъд базўр табассум карда, илова намуд:
– худтаърифкунӣ устухон надорам, а!
Боре пас аз чоп шудани китоби нави Аҳмадшоҳ ба деҳа рафтам. Чанд нафар ҳамдеҳагон, ки аллакай ин китобро хонда, ҳаҷв шудани баъзе рафтори худро шинохта буданд, изҳори озурдагӣ ва аз нависанда хеле гила карданд. Пас аз бозгаштам Аҳмадшоҳ тибқи одат аз навигариҳои деҳа пурсон шуд. Гуфтам, ки баъзе ҳамдеҳагон дар ҳаҷвияҳоятон симои худро шинохта, аз шумо ранҷидаанд.
Аҳмадшоҳ чанд лаҳза сукут карда, пурсид:
– Дигарон чӣ мегўянд?
– Ҳама розианд. Мегўянд, ки ҷони гапро гуфтааст, қандаша занад.
– Муҳимаш дигарон хурсанд бошанд. Он чанд нафар фардо рўзи қиёмат аз кардаҳои худ ҳатман иқрор мешаванд, – табассуми фарох кард вай. – Пас беҳуда заҳмат намекашидаем. – Баъд дарҳол риштаи сўҳбатро ба дигар тараф тофта, аз рўзгори муаллимон, одамони зарофатгўйи деҳа, ки ҳеҷ гоҳ аз сўҳбати онҳо серӣ надошт ва аз эшон илҳом мегирифту бештарашон қаҳрамони ҳикояҳояш буданд, пурсон шуд.

пешина
аз 231
навбатӣ