Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
АЗ РАДИО ШУНАВЕД
Телевизори мо вайрон шуд. Намедонам, барои чӣ ва маҳз дар арафаи Соли нав. Вале инашро нағз медонам:
мо чой менўшидем, дар ҳалқаи бачаҳо. Барномаи «Ахбор» тамом шуд ва ровии навкор– духтари шаҳлочашми соҳибҷамоле эълом дошт, ки баъд аз чанд дақиқа барномаи «Мусоҳибаи муҳим» оғоз меёбад ва аз чӣ бошад, табассум кард. Ҳангоми табассум лабҳои чун барги гул нозуки ровӣ ба ҳам омада, рухсораҳои сап– сафедаш якбора сурх шуданд. Дар ин лаҳза рўи гирдаи духтар ба кулчае тьабдил ёфт, ки нав аз танўр кандаанд.
Ҳодисаи нохуш ҳамин вақт ба амал омад. Ҳусни ровии соҳибҷамол ақли ба қавли модари бачаҳо бе ин ҳам бисёр ками маро рабуд. Хаёл кардам, он кулча дар дасти ман асту аз гармии тоқатфарсояш тамоми вуҷудам месўзад. Пиёлаи чойро ҳадаҳа ба лаби дастархон гузошта, беихтиёр «воҳ!» гуфтам.
Бояд тан гирифт: тамокукаши гузаро ҳастам ва баъзан садопардаҳои гулўям дуруст кор намекунад. Шояд ба ин сабаб, нидои беихтиёронаи ман як навъ асроромез (ба садои ногаҳоние монанд буд, ки аснои кушодани даҳони арақи шампон барояд) ба гўш расида, модари бачаҳоро як қад паронд. Авзои вай барои чӣ бошад, дарҳол тағйир ёфт ва теғ кашида, аввал ба ман ва баъд ба телевизор нигарист.
Обутоби чандинсола кор дод, ман ба теғи нигоҳи вай тоб овардам. Вале телевизори бечора… тоб наовард. Рўи экранаш якбора сиёҳ шуда, тадриҷан аз овоз монд. Сонитар дилу ҷигараш «сўхт» магар, як такон хўрд ва аз роғҳои ақибаш фатилаҳои дуди сиёҳ берун омаданд…
Ҳамин тариқ, фаҳмида натавонистем, вазири савдо (Охир, он шаб бояд бо ў суҳбат меоростанд) чӣ гуфт ва рўзи дигар аз барнормаҳи солинавӣ чӣ муждаҳое расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё