Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Он ҷо баромадан душвор буд ба гург, бинобар ин ў аз буз хоҳиш намуд поин фарояд. Дар боло, гуфт гург, хатари афтидан аст, поин бошад, марғзори ҳамвор ва пур аз алафу гиёҳҳои хушбўй. Буз ба ў ҷавоб дод: «Не, гап дар марғзори ҳамвору гиёҳҳои хушбўй нест, аз асари гуруснагӣ маро ба назди худ мехонӣ».
Мазмун, вақте одамони беақл оқилонро ба доми фиреб кашидан мехоҳанд, ҳама найрангҳояшон барбод хоҳад рафт.
Гург ва пиразан
Гурге гурусна таку дав дошт барои тўъма. Вақте аз назди кулбае мегузашт, гиряи кўдак ва дўғи пиразанеро шунид: «Хап шав, вагарна ба гурги гуруснаат медиҳам!»
Гург сухани пиразан рост пиндошт ва сабр кард. Вале рўз бегоҳ шуду пиразан ба ваъдаааш вафо нанамуд. Ва гург бо чунин суханҳо ба роҳаш рафт: «Дар ин хонадон сухан дигар будаасту амал дигар».
Ин масал ба одамоне дахл дорад, ки гуфторашон аз кирдорашон фарқ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё