Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Гург ва барра
Гург дид, ки баррае дар соҳили рўд асту об менўшад ва дар вай хоҳише пайдо шуд, баҳонаи дурусте ёфта барраро хўрад. Бо ин мақсад лаб– лаби дарё болотар рафту ба коҳиши барра пардохт, яъне вай обро лой мекунад ва намегузорад ташнагӣ шиканад. Барра гуфт: ў лаб ба об мерасонад ва аз ин дигар шудани ранги об номумкин. Сониян, ў поинтар аз гург қарор дорад ва чӣ тавр метавонад оби пеши вайро лой бисозад. Гург аз муттаҳам нагардидани барра барошуфт ва гуфт: «ҳа, хуб. Лекин ту бояд дар хотир дошта бошӣ он суханҳои ношоямро, ки порсол дар ҳаққи падари бузургвори ман гуфта будӣ?» Барра дар ҷавоб гуфт, ки дурўғ мегўяд: порсол ў дар қайди ҳаёт набуд. Гургро аз маҳмадоноиии барра хун ба сар зад. «Ҳарчанд доно ҳастиву бедиранг ваҷҳ меёбӣ, туро хоҳам хўрд!»– гуфт.
Мазмун, касе, ки ба кори бад азми собиқа дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ аз қасди худ даст нахоҳад кашид.
Гург ва қуланг
Дар гулўи гург устухон монд ва ў ба чор тараф медавид дар суроғи имдодгаре. Иттифоқо қуланге аз пешаш баромад ва гург ба ў гуфт, ки агар устухони гулўяшро берун орад, мукофти бисёр хоҳад гирифт. Қуланг сари худро ба гулўи гург андохту устухонро берун кашид ва мукофоти амал хост. Гург дар ҷавоб гуфт: «Сар аз гулўи гург беосеб бароварданат кам аст, ки боз мукофот талаб мекунӣ?»
Мазмун, одамони бадкирдор зиёне нарасонанд, ин ба назари эшон накўкорӣ намояд.
Гург ва буз Гург дид, ки бузе дар сари ҷар алаф мехўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё