Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва инак, ду сол аст аз тамошои барномаҳои телевизор маҳрумем. Бояд гуфт, ки чанд бор усто овардам, то онро дуруст кунад. Вале… нашуд. Аз афт, телевизоре, ки аз теғи нигоҳи занҳои бадрашк захм бардоштааст, ҳаргиз «сиҳат» намешавад.
Воқиан, аз рўзе ки телевизори мо кор намекунад, банда шунавандаи доимии радио ҳастам. Албатта, аз радио овози гўяндагонро мешунавед, вале чеҳраашонро намебинед. Овози баъзе гўяндагон бағоят гўшнавозу ҳавасангез аст ва будагӣ, касро ба оҳувоҳ водор месозад.
Аммо овоз ба ҳар ҳол чеҳра нест. Шояд ба ин сабаб, модари бачаҳо ба оҳу воҳи ман эътибо намедиҳаду теғи фалокатосри нигоҳашро ба кор намеандозад.
Дар бадали ин ду сол гуфтаҳои радиоро пайваста гўш мекардам ва аз онҳо чӣ таассуроте бардоштаам, аз қайдҳои зер хоҳед фаҳмид.

«Консерти ҳавскорони санъатро оғоз мекунем. Шунавед, тоқат кунед!»


«Бо ҳамин барномаи «Кишоварз» ба охир расид. Ба шумо хоби ширин орзумандем, хурдтаракони азиз!»


«Нохост ба хотири раис расид, ки имрўз ҷумъа аст ва бо меҳр ба андоми говдўши соҳибҷамол апаи Тобон нигарист: «Ин бегоҳ аз шири ту хоҳам хўрд…»


«– Бо шавҳарии панҷуматон чанд сол зиндагӣ кардед, хола?
– Ду сол.
– Баъд чӣ шуд?
– Баъд вай ҳам мурд…»


«Рўзи дафнии марҳум қабристон аз шоирони зинда пур буд».


«Тўй кардем. Баъди тўй дасти ман сабук шуду пои келин– вазнин…»

пешина
аз 231
навбатӣ