Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Пас, чаро он вақт… Ё ҳазл кардӣ?
Арбоб хандид.
– Не, чандон ҳазл ҳам набуд. Ман қасдан худро ғармӣ гирифтам, ки диққати Ҳоҷӣ Муродро ба худ ҷалб намоям.
Зеро он вақтҳо ў мутахасиси зўртарин, ба ибораи дигар, яке аз сутунҳои нашриёт метофт дар назарам ва бисёр мехостам, ки маро ба паноҳи худ гирад.
– Аҷиб…Хайр, чаро маҳз Ҳоҷӣ Мурод? Охир, дар нашриёт зодаи ноҳияҳои дигар ҳам кор мекарданд ва шояд баъзеи онҳо аз вай донотар буданд.
– Албатта, – гуфт Арбобь андешамандона. – Сонитар худам низ ба ин бовар кардам, лекин он вақт…Бовар кунед, он вақт ба гирду пеш назар меандохтаму дафъатан имон меовардам, ки касе чун Ҳоҷӣ Мурод абарқудрат нест.
– Барои чӣ охир?
– Барои он, ки дар ҳама ҷо… овози ў баланд буд.
21– 22. 05. 1995
АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВӢ
Аз Файзобод картошка оварданд. Н. эълом дошт, дар нашриёт аз вай одилтар касе нест ва ба тақсими он камар баст. Вале дере нагузашта, маълум гардид, ки…
адолат хеле «назарбаланд» аст ва ба ҳар кас дасту доман намедиҳад. Мардум аз беадолатиҳои Н. ба танг омада, ғавғо бардоштанд ва ў маҷбур шуд осемасар аз тақсими картошка даст кашад.
Рўзи дигар Н. дертар ба идора омад. Дили ў хиҷил буду таъбаш хира. Кам гап мезад, пай дар пай сигарета мекашид. Аз ҳама ҳайратовар ин буд, ки… як тарафи рўи вай чанд доғи сиёҳ дошту чашми чапаш аз таги дока тамоман ба назар наменамуд.
– Чӣ шуд? – ба рўяш ишора намудем. – – Бо ягон кас ҷанг кардӣ?
– Ҳа, бо ду– се муштзўр, – хандаи дардолуде кард Н. – Онҳо қариб чашмамро меканданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё