Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, – манаҳашро хорид ҳайрат. – ҳозир дар берун Маҳтобро дидам.
Баробарои шунидани номи кассир ба рўи мо хун давид.
– Чӣ, вай гуфт, ки маош медиҳанд?
– Не, дар бораи маош чизе нагуфт, – айнакашро ба чашм монд Ҳайрат. – Лекин маро нигоҳ дошта, хеле дўғ зад…
10. 05. 1995.

АБАРҚУДРАТ

Дар як суҳбат Арбоб Вадуд аз чанд шоиру нависанда ёд карда, дар ҳаққи онҳо носазо гуфт.
– Шайтонро ҳай зан, уко хоҳиш намудем аз ў. – Аввалан, ин нафарон суханварони бад нестанд. Сониян, онҳо ба ту ҳамдиёранд ва одам бояд ҳамдиёри худро ҳурмат намояд.
Арбоб Вадуд гарданаки борикашро ғоз намуд.
– Кӣ гуфт, ки онҳо ба ман ҳамдиёранд? Зодгоҳи банда– ноҳияи Ғарм?
– Чӣ хел… Fарм? Ту магар дар Панҷакент таваллуд нашудаӣ?
– Не, – бо қираи чашм ба Ҳоҷӣ Мурод нигарист ў. – Ман ғармӣ ҳастам. Фаҳмидед:ғармӣ!. .
Парвардаи обу хоки ин минтақа Ҳоҷӣ Мурод, ки дар гўшае нишаста буд, аз изҳороти хилофи чашмдошти ҳамкори навамон як қад парида сар бардошт. Вале аз чӣ бошад, чизе нагуфта, боз ба таҳриру тасҳеҳ машғул шуд…
Баъди чанд сол Арбоб Вадуд китоби нахустини ашъорашро ба чоп ҳозир кард. Онро варақ зада, ҳайрон шудем. Ў дар мухтасари тарчумаи ҳоли худ зодгоҳашро ноҳияи Панҷакент навишта буд.
Аз Арбоб Вадуд пурсидем: оё ин ҷо ғалат нест?
– Не, – гуфт ў, – ман дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дуне омадаам.

пешина
аз 231
навбатӣ