Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Гуфт:
– Бале.
Фолбин давом кард:
«Имрўз гўям, дина гўям, парер гўям, ягон вақт ғўям, ба адоғи қишлоқ рафта буд?»
Бемор боз андешид ва яқин кард, ки дар тўли чандин соли умраш, албатта, ба адоғи қишлоқ рафтааст. Сониян қишлоқӣ бошию поят ба адоғи деҳа нарасида бошад, чӣ сон одамӣ?. . . Гуфт:
– Бале.
Фолбин боз давом кард:
– Ба адоғи қишлоқ ба роҳи харгард рафта будед.
Вақти рафтан саратон ба шохи шикастаи тути қади роҳ, албатта, расида буд. Агар намедоштед, албатта, кулоҳатон ба замини серхок меафтид. ҳамту не?!»
Бемор боз андешид ва ба ноқил ҳамфикр буданашро изҳор дошт.
Фолбин боз давом кард:
«Албатта, дар поёнтар аз пешатон харобае баромад ва шумо аз торикӣ истоҳола накарда ба он хароба даромадед. ҳамту не?!»
Бемор, ки акнун ба иродаи фолбин мутеъ шуда буд, бемулоҳиза гуфт:
– Бале.
Симои фолбин куллан тағйир ёфт ва ў ба карнаи гулў тамоми овоз тамба кард.
«Истед, ки дар он бевақтӣ ба он хароба ч… киро хўрданӣ даромадед!»
- РЕЗАҲО
«… аз обнўшӣ барака меёфт, қурбоққа меёфт»
«…зандолу ё зардолу? Албатта, зандолуаш дуруст.
«Занд» калимаи суғдӣ аст, маъняш «муқаддас». Зандолу,
яъне «олуи муқаддас», «олуи биҳиштӣ», гули сари сабади меваҷот. »
«Сўзиён– ин таъбир бемаъно нест, балки синтези ду калимаи мустақилмаъно бошад, – суду зиён».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё