Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамсоя даст афшонд.
– Ҳар кас бистсўмӣ медиҳад, розӣ шав!. . Ин пешниҳоди охирин.
– Ба хаёлаш, мо хеле сарватманд ҳастем, – виззос зад кампири Покиза.
Чашмони мард аз қолаб баромаданд. Вале амаки Шодимурод намонд, ки вай даҳон кушояд.
– Канӣ, дафъ шав аз ин ҷо, марди тамаъҷўй!– бонг зад ў. – Агар не, ба ҷои даркорӣ хабар медиҳам.
Ранги мард канда, белро ба девор такя кунонду бошитоб аз зинаҳо баромад. Ин дам падари ман белро гирифта, гуфт:
– Биёед, ман андак оби ишкам ҷунбонам. Ба саломатӣ фоида дорад.
Амаки Шодимурод шубҳаомез ба падарам нигарист.
– Чӣ қадар мегирӣ?– пурсид ў. – Даҳ сўм бас?
Падарам белро оҳиста аз даст монд.
– Ман аз фикрам гаштам, – гуфт ў маъюсона. Сипас ба ман рўй овард. – Пеш даро, рафта телевизор тамошо мекунем.
Дигарон низ хона ба хона шуданд.

АЗ НАҚЛИ МУАЛЛИМ ФАРҲАТ

  1. ФОЛБИН

Ду нафар ба аёдати беморе рафтанд. Яке ҳунари фолбинӣ дошт. Бинобар ин ҳамроҳаш садоқати худро нисбат ба бемор собит кардан хоста, аз фолбин тавалло намуд, ки хотири дўсти беморашро шод кунад, – фол бинад. Фолбин аввал «ғамза» кард, вале чун дид, ки ҳамроҳаш аз ҷону ҳолаш намемонад, ноилоҷ дасти бемор ба даст гирифта, ба намоиши ҳунар пардохт:
«Саҳар гўям, бегоҳ гўям, чоштгоҳ гўям, пешин гўям, намозшом гўям, … гўям, … гўям, ҳамин шумо ба берун баромада будед…»
Бемор андешид, ки албатта баромадааст. Одами зинда чун метавонад берун набаромада умр ба сар барад?

пешина
аз 231
навбатӣ