Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат Бас Соли нохуши 37 – соли махуфи истинтоқи зиёиён – домулло Садриддин Айнӣ мавриди ҳуҷумҳои ноҷавонмардона қарор гирифт, дар рўзномаҳои маҳаллӣ «душмани халқ» эълон шуда буд.
Яке аз мақолоте, ки домулло С.Айниро миллатгарои буржуа, сарвари тарафдорони забон – душмани халқ номида буд, мақолаи Ҷалилов ва Очилдиев аст, ки дар зайл ба он руҷўе хоҳем кард. Ҳангоме ки ин мақола дар рўзномаи «Тоҷикистони сурх» 29 ноябри с.1937 (№274 – 2770) чоп шуд, яке аз мухлисони устод С.Айнӣ ин мақоларо бо худ ба Самарқанд меорад ва азбаски мулоқот бо эшон муяссар намешавад, нусхаи он рўзномаро ба аҳли хонавода таҳвил медиҳад.
Муҳим он аст, ки он марди ҷасур мисраи «Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас»-ро дар рўи покет марқум доштааст. Ба ҳамин ҷиҳат, мо он мисраъро унвони мақолаи хеш интихоб кардем ва ба ин васила он шахси гумноми хайрхоҳи ҷавонмардро низ ба некӣ ёд овардем. Ёдаш ба хайр!


«Бародари мўҳтарамам Садриддинхоҷаи Ғиждувонии Айнӣ тахаллусро, ки назман ва насран аввали Амир Хованд (Мирхонд – К.А.) ва Сонии Саъдии Шерозӣ ва дар қадди зоташ ранҷуру ба ҳоли аҷибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро бераҳмона ва бешармона амиру вазир ба иқтизои аҳли балво 75 чўб таъзир карданд ва ба яке аз маҳбасҳои он ҷо, ки обхона меноманд, ба ҳамон ҳол андохтанд».
(аз «Рўзномаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё)

Аввалин луғати тафсирии форсии тоҷикӣ, ки пас аз бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1924) таълиф шудааст, луғатест, ки аз тарафи бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – устод Садриддин Айнӣ тадвину таҳия ва дар соли 1938 поён пазируфтааст. Ин асари С.Айнӣ самараи солҳои таъқиб ва тазйиқи ў аз тарафи мақомот ва созмонҳои расмӣ буд, ки он замон навиштаҳои ў на ин ки дар ҷароид ва матбааҳо чоп намешуданд, балки бахше аз осори матбўи вай манъ гардид ва чанде аз он дар майдони Регистони Самарқанд дар пеши назари мардум ба унвони навиштаҳои «душмани халқ» оташ зада сўхта шуд.
Ин луғати нодири барои рушди забони имрўза лозим ва дар асл, мешавад гуфт, васлгари забони классикони мо бо имрўзиҳо ҳамон замон интишор дода нашуд. Ҳарчанд сари вақт ба табъ расидани он хеле муҳим буд, зеро тағйири хатти ҳазорсолаи форсии тоҷикони мо ба хатти лотин ба касе, ба ғайр аз солхўрдагони то солҳои 1929-30 (соли тағйири алифбо) мактабдида, имкон намедод, ки ба луғатҳои классикии худамон муроҷиат карда тавонанд. Дар ин хусус домулло С.Айнӣ 7 октябри соли 1937 ба устод Абулқосим Лоҳутӣ номае навишта буданд.
Аз номаи домулло С.Айнӣ ба устод Абулқосим Лоҳутӣ аз 7 октябри соли 1937:

пешина
аз 235
навбатӣ