Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Профессор М.Герасимов таҳқиқоти худро асосан соли 1957 ба поён расонида, ҷамъбасти корашро дар китобаш соли 1958 интишор дод. Вай дар асоси устухони сару рўи Рўдакӣ симои аслии сухансарои Панҷрўдро офарид ва дар номае, ки 5 маи соли 1957 ба ман аз Москва ба забони русӣ навишта буд, чунин изҳор кардааст:
«Камоли азиз, ман Шуморо дида натавонистам, ба ин ҷиҳат бисёр таассуф мехўрам. Тарҷумаҳои Шумо, ба назарам, бисёр ҷолиб ҳастанд. Падари Шумо истеъдоди дарккунандагӣ доштааст ва дар ҳақиқат, симои аслии Рўдакиро тасаввур кардааст. Ман бисёр хушбахтам, ки сурати мустанад ба тасаввуроти Айнӣ дар бораи шоир бисёр наздик баромад. Боиси таассуф аст, ки ман дар замони зиндагии ў ин корро ба амал оварда натавонистам.
Камоли азиз, бубахшед, ки Шуморо бо чизҳои амалӣ, ки барои анҷом додани кори муҷассамаи Рўдакӣ вобаста аст, ташвиш медиҳам. Лекин барои ин ба ман аз худи Шумо иҷозат шуда буд. Аз Шумо бисёр хоҳиш мекунам, бо гирифтани нома, онро ба Турсунзода диҳед ва ҷавоб навиштанашро ба ўҳдаи худ гиред. Охир, Мирзо хеле гирифтори кор аст.
Ба Шумо «Ибни Сино»-и ваъда кардаамро фиристодам, дар орзуи он ки ягон вақт «Рўдакӣ»-ро ҳам ҳадя кунам. Ба ҳамаи касоне, ки маро дар хотир доранд ва умуман ба ҳамаи тоҷикон салом дорам.
Герасимови Шумо».
Ҳоло чеҳраи устод Рўдакиро аз рўи таҳқиқоти донишмандони замони шўравӣ тасаввур кардан мумкин гардидааст. Ин ҳам яке аз риштаҳои васли дирўз ва имрўзи мардуми тоҷик аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё