Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Иштироки Камол Айнӣ дар чорабиниҳои фарҳангии Академияи илмҳо ва муҳити фарҳангии ҷумҳуриҳо ҳамеша пурфайз будааст. Ба муносибати ҷашни панҷоҳсолагии Тоҷикистон китоби «Ахгари инқилоб»-ро (1974) тадвин намуда, интишор дод, нусхаи нигорини дар ҷаҳон ягонаи «Саломон ва Абсол»- и Абдураҳмони Ҷомиро (1974) бо таҳқиқоташ ба забонҳои русӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва англисӣ бо ҳамкории мутахассисони нашриёти Ҷумҳурии Олмон бо тамоми оростагӣ ва пиростагӣ ба табъ расонид. Камол Айнӣ дар ин амал роҳи мактаби таҳқиқотии яке аз олимони барҷастаи замон муҳаққиқи осори хаттии қадими русу славян, академик Д.С.Лихачевро пазируфта, дар таҳқиқ, тадвин ва нашри нусхаҳои қаламӣ ба ў пайравӣ кардааст. «Саломон ва Абсол» низ маҳз бо ҳамин равия таҳқиқ ва интишор шуд. Дар ин хусус яке аз донишмандони бузурги осори хаттии Шарқ, сармуҳаррири силсилаи нашрҳои осори ҳунарии Шарқ дар ЮНЕСКО профессор Базил Грей дар номаи худ (27 сентябри соли 1977) чунин навишта буд: «Гирифтани як нусхаи китоби нави бисёр ҷолиби Шумо – нашри нусхаи «Саломон ва Абсол»-и Абдураҳмони Ҷомӣ боиси хушнудӣ гардид.
Бениҳоят мамнунам барои ин факсимелеи нигорини барҷастадастнавис, ки онро тамоман дуруст ба давраи сафавии мактаби Қазвин – санаи 1581 нисбат додаед. Ин як иловаи пурарзишест барои мавод ва мадорики мо, ки рўз ба рўз афзоиш меёбад. Бо хушнудӣ ба иттилои Шумо мехоҳам расонам, ки соли ҷорӣ дар бобати ба табъ расондани интишороти ЮНЕСКО роҷеъ ба ҳунари китоби Осиёи Миёна пешрафте ба амал омад ва ман умед дорам, ки кори интишории хешро охири октябр тибқи талаботи қарордодам, ба итмом расонам».
Албоми мусаввари «Корномаи Садриддин Айнӣ»-ро, ки муҳаққиқ ба муносибати ҷашни бошукўҳи садсолагии асосгузори адабиёти нави тоҷик, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба забонҳои русӣ, форсии тоҷикӣ ва англисӣ нашр намуда, аҳли ҷомеаи мамлакат ва хориҷӣ хуш пазируфтанд.
Ҳамчунин матбуоти хориҷӣ ва кишвар низ онро бо назари ҳасана истиқбол намуд. Чунончи, маҷаллаи китобшиносии «Оянда» дар ин бобат навишта буд:
«Корномаи устод Садриддин Айнӣ… – маҷмўаест воқеан диданӣ аз зиндагӣ ва осори Садридиин Айнӣ, нависандаи бисёр маъруфи тоҷик, ҳовии аксҳои ёдгорӣ аз ў, аксҳое аз навиштаҳои ў ва… билохира намунаҳои хуб аз он чи дар музеи Айнӣ ҷамъоварӣ шудааст…» (Маданияти Тоҷикистон, 8 майи соли 1981).
Зимнан бояд гуфт, ки муҳимтарин хусусияти навиштаҳо ва интишороти Камол Айнӣ дар фаҳмо ва ба зеҳни хонандаи дохилӣ ва хориҷӣ мақбул будани услуб, тарзи баён, тасниф ва тадвини китобҳост, ки аксар ба чанд забон нигошта ва таҳия мешаванд.
Камол Айнӣ вазифаҳои зиёди ҷамъиятиро дар ўҳдаи хештан дорад. Вай бунёдгари асосӣ ва мушовири доимии осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, музейхонаи устод дар Самарқанду деҳкадаи Соктаре ва шаҳри Бухоро мебошад.
Фаъолияти ў дар тарбияи соҳибкасбони соҳаи шарқшиносӣ низ шоистаи таъриф аст. Аз мутахассисони илми шарқшиносии мо мисли Аълохон Афсаҳзод, Абўбакр Зуҳуриддинов, Алиқул Девонақулов, Ансор Афсаҳов, Ҷобулқо Додалишоев, Ҳусейн Аҳмади Тарбият, Абулҳасан Носир, Асғар Ҷонфидо, Т.Голтс ва дигар олимон, ки ҳар кадом дар матншиносӣ ва таҳқиқи адабӣ соҳиби китобҳо ва тадқиқоти ҷиддӣ мебошанд ва ҳамчунин аз ҷавонон Эҳсон Оқилов, Д.Орзимуродов, М.Мамедова, Б.Қосимова ва дигарон рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарӣ ва ё бо машварат ва кўмаки илмии Камол Айнӣ навиштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё