Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Бо ин тариқа, ки матбуоти тоҷик танҳо иборат аз рўзномаи «Овози тоҷик»
шуда намонда, бо ҳамаи камии қувваҳои техникӣ ва маънавӣ дар шаҳри Душанбе ҳам рўзномае ба номи «Дониш ва омўзгор» ба чоп шудан сар кард».
Аҳамияти бузурги ин маҷалла дар он аст, ки вай сароғози як воқеаи бузурги таърихӣ – нахустофарини маҷаллаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таълиму тарбиявӣ, адабӣ, фаннӣ, илмӣ ва танқидии шўравии тоҷик дар маркази нави ҷумҳурӣ буд ва минбаъд бо номҳои гуногун интишор ёфтан гирифт. Маҷаллаи «Дониш ва омўзгор», ки аз тарафи назорати (вазорати) маорифи Тоҷикистон моҳе як бор чоп карда мешуд, он арзишро дошт, ки вай ба омма дониши сиёсӣ ва илмии замонро мерасонд. Аммо шумораи дувуми ин маҷалла боз як имтиёзи дигаре дошт, ки дар вай аз номи ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистони шўравӣ ҷашн гирифтани «Рўзи Рўдакӣ» ҳамчун як нишонаи бедорӣ ва аз нав зинда шудани маданият ва фарҳанги куҳани мо эълон карда шудааст. Ҳамчунин дар ин маҷалла таълим ва тарбияи халқи тоҷик ва даъвати вай ба роҳи маориф ва савод ва омўхтани алифбои сиёсат бо номи Рўдакӣ вобаста карда шудааст.
Мақолаи «Рўзи Рўдакӣ», ки бо имзои мустаори «Деҳқон», дар мавзўи ҷашни ҳарсолаи устоди суханварон аз тарафи редаксия эълон шуда буд, барои он замон хеле муфассал буда, муносибати давлатро нисбат ба мероси гузашта нишон медиҳад. Боз ин ки дар мақола кўшида, ки мероси гузаштаи ҳазорсолаи халқи тоҷик дар хидмати тарбияи одами нав гузошта шавад, яъне саъй шудааст, то номи барои халқи мо бениҳоят бузург ва ба ҷон азизи Рўдакӣ ба фоидаи худи халқи заҳматдида, барои тарбияи вай истифода карда шавад.
Бо ин равиши тарғибот мақолаи «Рўзи Рўдакӣ» роҳи хуби наздик шудан ба мақсудро ёфта буд, зеро ба гуфти устоди бузургвор:
Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Инак, матни мақолаи «Рўзи Рўдакӣ»-ро ихтисоран иқтибос мекунем: «Дар таъқиби як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик, чи ба воситаи мақолот дар рўзномаҳо ва чи забонӣ, ҷиргаи (коллегия) назорати маорифи Тоҷикистон рўзи 2-3 иди Наврўз «Соли Нав»-ро «Рўзи Рўдакӣ» таъин кард.
Дар ин рўз заҳматкашони тоҷик нависандаи тавонои худ Рўдакиро ба ёд оварда, ҷашни ҳазорсолаи вайро мегузаронанд. Дар рўзи Рўдакӣ муаллимони тоҷик дар ҳар ҷо мардумро ҷамъ карда, таърихи Рўдакиро аввал он ки мухтасар ҳам бошад, барои онон гуфта ва меҳнаткашони тоҷикро аз аҳамияти таърихии худашон огоҳ хоҳанд кард. Ҳар деҳқони меҳнаткаш ва мардикори тоҷик баъд аз шунидани таърихи Рўдакӣ бояд фарзандони худро ба хондан ва саводнок шудан водор кунад ва ба онон бифаҳмонад, ки нажоди Рўдакӣ набояд бесавод бошад. Барои миллате, ки беш аз ҳазор сол шоир ва нависандаи бузурге монанди Рўдакӣ дошта, барои миллате, ки осори адабӣ, илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии он ба ҳазор сол пеш аз ин дар дунё ба ёдгор монда, бесаводӣ нанг аст, айб аст, зиллат аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё