Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ягона илоҷи ором намудани ин ду мор ҳар рўз хўронидани мағзи сари ду одам мебошад. Заҳҳок он дастури табибро иҷро карда, ҳар рўз аз мардуми кишвар ду нафарро ба унвони хироҷ гирифта мекуштанд ва аз мағзи сари онҳо морҳои дўши Заҳҳок тағзия мекарданд.
Рафта-рафта дар қаламрави собиқи Ҷамшед марг ва вайронӣ ҳукмфармо гардид ва теъдоди мардум рў ба костӣ рафт, ки ин айни дилхоҳи Аҳриман буд.
Ин подшоҳи золим ҳар рўз бераҳмтару саффоктар мешуд. Мардум аз бедоди вай ба ҷон омада, дар фикри чора буданд. Дар ин вақт дар як гўшаи дурафтодаи кишвар интиқомгирандае аз Заҳҳок тавлид ёфт. Аз зани бордори Ҷамшед, ки аз чанголи таъқиб раҳоӣ ёфта буд, Фаридуни диловар таваллуд ёфт.
Ҳангоме ки Фаридун дар кўҳистони дурафтодае ба ҳадди рушд расид, мардони далере, ки мақсудашон раҳоии мамлакат аз дасти фармонравои манфур ва ғосиб буд, ба гирди вай ҷамъ шуданд.
Заҳҳок дар ин вақт ба норизоии умумӣ пай бурда, фармон дод, то ба ин маз мун маҳзаре тартиб дода шавад, ки гўё имзокунандагон Заҳҳокро подшоҳи одил ме донанд ва шахси дигареро ғайр аз вай ба подшоҳӣ намехоҳанд.
Дар ин ҳангом Коваи Оҳангар, ки мағзи сари ҳамаи писарони ў ба ҷуз яке тўъмаи морҳои дўши Заҳҳок шуда буд, барои додхоҳӣ ба дарбор омада пешниҳод кард, ки ин хироҷи дилхарош ба ҳамаи мардум баробар ва одилона иҷро шавад. Дарбориён ба ваъдаҳои хушку холӣ ўро тасалло дода, таклиф мекарданд, ки ин номаро имзо кунад. Ин таклиф оҳангари далерро ба ғазаб дароварда, он коғази манҳусро дарида зери пой андохт ва аз дарбор берун рафт. Кова пешбанди чармини оҳангариро ба сари найза ҳамчун парчам барафрошт ва мардумро ба сарнагун кардани дастгоҳи он ситамгари бераҳм фаро хонд. Мардум аз ҳар сў қиём карданд ва ба инқилоби Кова пайвастанд ва Заҳҳоки ситампешаро дастгир карда дар қалъаи кўҳи Дамованд зиндонӣ карданд.
Пас Фаридун ба подшоҳӣ расид. Вай подшоҳи одил ва оқил буд, аммо дар за мони ў байни писаронаш низои сахте даргирифт, ки муддатҳо давом дошт.
Фаридун се писар дошт: Салм, Тур ва Эраҷ. Вай мамлакатро байни писарони худ чунин тақсим кард: Руму вилоёти ғарбиро ба Салм, Тўронзаминро ба Тур ва Эронзамин (дашти гардон)-ро ба фарзанди маҳбубаш Эраҷ вогузор кард. Салм ва Тур ба ин тақсим розӣ набуданд ва бар бародари хурдии худ рашк бурда, кинаи ўро ба дил гирифтанд ва оқибат ўро куштанд. Дар ин вақт аз зани Эраҷ Моҳофарид писаре мутаввалид шуд, ки вайро Манучеҳр номиданд. Фаридун Манучеҳрро хуб тарбият карда буд.
Салм ва Тур вақте аз ин воқеа бохабар шуданд, ба Эрон ҳамла карданд.
Тур дар ин ҷанг кушта шуд ва Салм фирор кард. Дар охир Салм ҳам дастгир гардида кушта шуд. Пас аз ин воқеа байни Эрону Тўрон душманӣ ва ҷангҳои сахт сар зад.
Бахши дигари «Шоҳнома» асосан иборат аз достонҳои қаҳрамонист:
дар хонаводаи Сом паҳлавон фарзанде таваллуд ёфт, ки мўйҳояш монанди «суман» сафед буданд. Сом ба гумони ин, ки махлуқи Аҳриман аст, аз доштани чунин фар занде нанг дошт. Аз ин сабаб ўро бурда дар кўҳи Албурз раҳо кард.

пешина
аз 235
навбатӣ