Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Вай вожаи айрйанаро ба тарзи мансуб ба ориёиҳо, ориёиро ба маънои соҳибмақом (соҳибфарҳанг) эзоҳ намуда, дар истилоҳи аирйанем ваежо – сарзамини мардумони аирйанӣ, яъне кулли Эронро, на бахше аз он сарзаминро донистааст (Коссович, 22).
Пасон ба таърихи ақвоми ориёӣ руҷўъ намуда бо истинод ба тарҷумаҳои паҳлавии Занд ва маводди дигар, муаллиф вазъи ноҷўри ориёиён ва муҳити ононро дар замони Искандари Мақдунӣ ва Портиён ва баъдан дар замони сулолаи эрониҳо, ба вижа ҳукумати Ардашери Попакон, рушди фарҳанги мазҳабӣ, гирд овардани 40 ҳазор мўбади донишманд ва сабти китоби муқаддаси Зардуштро нақл менамояд. Ва ин сабт ба далоили қавӣ ҳақиқат буда, зеро маводди даврони Сосонӣ ин амалро тасдиқ мекунад (Коссович, 23-24) Коссович бо далели қавӣ асолати мутуни Зандро дар сабти замони Сосониён ва бо табдили хат тағйир наёфтани матну мазмуни он китоби муқаддаси мазҳабии замонро таъкид менамояд, ки орзуву ормони кишоварзон ва мардуми корро дифоъ ва тарғиб мекард (Коссович, 27-29). Баъди зикри 4 бахши Занд Авасто (Вендидод, Ясна ва Виспарад, Яшт, Готҳо), Коссович бо мавзўи мазҳабии он расида,анъанот, суннатҳо ва муқаддасоти оини Зардуштро муфассалан баён мекунад (Коссович, 34-37).
Бахши қонунгузории Занд Авасто, ба қалами Коссович, рўҳ ва нақши хушбинонаи он қавонин ва русумро дорост: мурувват ва дилсўзӣ нафақат нисбат ба инсон, балки дар ҳаққи ҳайвоноти ромшуда, вижа нисбат ба саг, ки дар хидмати инсон аст, ҳомӣ ва ёвари ўст; қатли инсон фақат дар мавриди хиёнат ба мазҳаб ҷоиз аст. Дар соири маворид ҷазо ба тариқи мусодираи ҳайвонот, вижа асп, гўсфанд ва ғайра ба амал меояд. Тақдири молии мўбадон ва пизишкон ҷоиз ва шарт аст. Ҷазои ҷисмонии инсон то 1000 дарра иҷозат дода шудааст (Коссович, 37-38).
Матлаби муҳимме, ки Коссович мавриди таваҷҷўҳи вижа қарор додааст, васфу саноҳое, ки дар Занд Авасто дар ҳаққи занҳо муқарраран ва ҷо-ҷо омадааст. Ва ин нукта худ нишондиҳандаи мавқеу мақоми нисвон дар он айёми таърихии қавмҳои эронӣ мебошад (Коссович, 39).
Поёни таҳқиқоти Коссович вижаи баррасии сабки Занд Авастост. Дар сабки ин асари бостонӣ 2 шеваи нигориш мушаххас шуда: якум – чанд қитъаи тағаззуломезонаи (Lirique) мазҳабӣ ва чанд қитъаи кўтоҳи манзум дар боби дуои мазҳабӣ. Ва дувум – шеваи соири бобҳои Занд Авасто. Чаҳор фасли Занд Авасто, ки Коссович истихроҷ намуда, тарҷума ва таҳлил намудааст, ибо ратанд аз: 1) Фасли бузургдошти Зардушт, ки гўё аз лисони Худованд баён шудааст; 2) Фасли озмоиш ва имтиҳони Зардушт ва пирўзии ў; 3) Фасли баёни андешаҳои Зардушт дар боби ҷаҳони фонӣ; 4) Фасли бузургдошт ва вас фи Аҳуромаздо. Тибқи он ақида Аҳуромаздо – офаридгори кулли ҷаҳон ва замон, ҳаёт ва инсон ва ҳамаи мавҷудоти даврон ба ғайр аз нерўи бадӣ ва шар (Коссович, 40-41). Дар ҷамъбасти андешаронии хеш Коссович шеваи баён ва нигориши соддаи баъзе аз қитъаотро ёдовар шудааст, ки вижаи вазъи рўҳи инсонанд. Гоҳо он қитъаот моломол аз ғаму андўҳанд. Дар онҳо ҳатто нақши шикваи инсонӣ мушоҳида мешаванд. Ин шеваи нигориш яқинан бадон мақсад ба амал омадааст, ки инсон роҳи наҷоти хешро аз иллатҳои рўзгор ба осонӣ ёфта тавонад (Коссович, 16-17).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё