Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бедил, ҳуҷуми гиряи моро сабаб мапурс,
Бе мақсад аст кўшиши ашки равони мо.

Мошини мо, ки онро туркҳо ароба меноманд, моро ба маҳалли бошукўҳи дигаре мерасонид. Ин ҷо варзишгоҳ – стадиони шаҳри азизи нурбахши Мавлоно – Куния аст, ки дар он имшаб ҷашни 725 солагии сўфии бузургвор баргузор мешавад. То охирин лаҳзаҳо мо намедонистем, ки имрўз дар Куния ҷашни 725 солгарди Мавлоно Ҷалолиддин баргузор мешудааст.
Соҳибхонагон хоста анд, ки моро ба тааҷҷуб оваранд, як ўъҷубае, ҳодисаи ногаҳоние пеш ка шамон бикунанд. Сохтмони бузургу боҳашамати варзишгоҳ мисли оташ кадаи булўрин ҷило дорад. Мардумон ба гунаи намози рўзи ҷумъа ба сўи он обидаи қарн, ки бо сабки шарқӣ сохта шудааст, равонанд.
Дар дохили бино фазои муҷаллали ҷашни Мавлоно ҳукмфармост – лавҳаҳо, аксҳо ва дар ошёнаи дувуми ин сохтмони азим — намоишгоҳи ҷашнвора ва фурўши тўҳфаҳо ва армуғонҳо, филмҳо, китобҳо. Ва дар байни ин зеборастаи моткунанда, наққошҳо, хушнависон, суратгирон осори дасти хеш, мўнигории килки сеҳрофарини хешро намоиш медиҳанд. Яке аз онҳо наққоши чирадасти нигоргари чеҳраофарин, ба қавли худаш, порсинажод аст, ки ҳамаи амалаш вижаи мавзўи Мавлоно будааст. Дар ин намоишгоҳи босафои Мавлоно бо шахси дигаре — Исматбей Кетен ошно шудем, ки вай ҳунарманди туғронигор будааст. Бо кўшиши ин марди ҳунар дар Куния суннати туғронигорӣ ҳифз ва рушд дорад.
Дар Эрони имрўз туғронависони воломақоми сеҳрофарин ҳастанд ва ин ҳунар чун яке аз шеваҳои риштаи хушнависӣ боқист.
Ёд дорам, ки соли 1986-87 нахустин озмуни байналмилалии хушнависон бо пешниҳоди Акмалидин Эҳсоноглу аз ҷониби комиссиони байналмилалии ҳифзи мероси исломии ЮНЕСКО эълон шуда буд. Ва ин озмун ба номи Ҳамид ал-Ҳамидии Ойтоҷ, хушнависи бузурги қарни 20 созмон дода шуд. Исматбей Кетен парвардаи ҳамин мактаби хушнависони Туркия мебошад.
Бояд гуфт, ки мо дар Тоҷикистон турокашони босалиқаи ҷавон дорем.
Вале охирин хушнавис ва туғрокаши воломақоми тоҷик устод Изомии Бухороӣ тағои устоди бузурги Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов чанд сол қабл ҷаҳони нопойдорро падруд гуфт (ёдашон ба хайр!).
Дар ин ҳангом ба мо даъватномаи ташрифотӣ пешкаш намуданд бо имзои Намик Гюнел волии шаҳри Куния. Дар даъватнома як байт аз Мавлоно ба забони туркии усмонӣ оварда шудааст, ки тарҷумаи хеле озоди ин ду сатр бошад:

Ин кулбаи мо кулбаи навмедӣ нест,
Сад бор, агар тавба шикастӣ, боз о!

Моро дар радаи «Протокол», яъне ҳукуматӣ, ҷойгир намуданд.
Дар пешу ақиб волии минтақа Намик Гюнел ва дигар шахсиятҳои расмии давлатӣ, масъулин ва донишмандони мавлавишинос нишастаанд. Барномаи бузургдошти Мавлоно аз се бахш иборат буд: Оғози ҷашн бо чанд сухани кўтоҳ ва шеърхонӣ асосан ба туркии усмонӣ ва қисман форсӣ ба лаҳни он кишвар, 3 маърўзаи донишмандони мавлавидон, ки ниҳоят эҳтиромашон мекарданд. Ва бахши саввум — «Намоиши самоъ». Мутаассифона ин намоиш комил набуд ва фақат қисме аз маросими самои суннатии Мавлавиро пешкаш намуд.

пешина
аз 235
навбатӣ