Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ва ниҳоят, бояд таъкид шавад, ки номаи мазбур намоёнгари яке аз саҳифаҳои корномаи устод С.Айнӣ дар набарди эшон барои ҳифз ва эҳёи адаб ва забони ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ мебошад:
Инак асли номаи С.Айнӣ, ки ба равиши гуфтугўи хонаводагӣ навишта шуда:
Нуричашмӣ, Камол!
Мактуби 12 март навиштаат расид, баробари ин мактуб бандерол ҳам расид, ки «ал-Мўъҷам…», девони Носири Хусрав бо «Сафарнома» ва асари устод Бертелс буд.
Эҳтимол ту таърихи термини «форс-тоҷик» ва «тоҷик-форс»-ро надонӣ:
Вақте ки ман «Намунаи адабиёт» (дар алифбои араб, чопи Маскав, соли 1926)-ро наишта баровардам, ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо «забони адабӣ доштани халқи тоҷик»-ро инкор карданд ва ҳамаи гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд ҳам, ба монополияи Эрон додан хостанд. Ин аз як тараф ба ҳақиқати таърихӣ мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат… мухолиф буд. Чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудуди миллатҳои Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистҳо истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва «тоҷикон»
ўзбеконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд» гуфтанд (Ман ба ин маънӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёт»-и худ ишора кардаам).
Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рўз то рўз шиддат карда давом намуд. Дар соли 1928 дар Тошканд, вақте ки конфуронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд, як қисми шарқшиносон гуфтанд, ки «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегуфтанд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кўчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад…»
Дар он бисёр шўрида мунозира кардем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд.
Баъд аз он дар соли 1930 дар Самарқанд конфуронсия шуд, мо дар пешгоҳи золи маҷлис бо хатти ҷаммии настаълиқ «тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд ва то имрўз давом намуда омад, баъд аз ин ҳам ба сифати забони адабии советии тоҷик давом хоҳад кард» навишта мондем.
Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне мухолифон даъвои моро қабул накарданд. Баъд аз он дар ҳамон сол дар Исталинобод конфуронсия барпо шуд. Дар он ҷо ман бо профессур Андреев даст ба гиребон шуда ҷанг кардам (дар ин ҷанҷолҳо «лидер» танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд).
Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва Болдируф розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри 16-17 инҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд. Аммо шоирони гузаштаро тамоман ба Эрон додан хостанд.
Мо ба ин суханҳои бемантиқ гўш надода кори худро давом додем: Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Бўалӣ Сино, Саъди, Ҳофиз ва дигаронро аз они худ гуфта навишта баромадан гирифтем. Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ исбот кардам, ки «Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст», аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоироне, ки дар Эрон ва Хуросон рўидаанд, «шоири форс-тоҷик» гуфта унвон додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё