Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои муҳаққиқи мўҳтарам дуктур Маҳдии Дурахшон дар абёти боло «муқаддам доштани нуни нафй бар ҷузъи аввали феъли мураккаб» муҳим, ҷолиб ва аз вижагиҳои сабки махсуси суханвар мебошад, яъне:
кор фармудан – (ба кор бурдан) набаргардӣ – ба ҷои – барнагардӣ набархезад – ба ҷои – барнахезад намебардорад – ба ҷои – барнамедорад 2. Фаровон ба кор бурдани (кор фармудан) феъли «мондан» ба маънои гузоштан:
намонад – нагузорад бимон – бигузор мондан – гузоштан

Рўзи маҳшар чун бисозӣ аз шафоат кори халқ,
Хулқи ту ҳаргиз намонад кори мо носохта

Дўстонро куштаӣ аз фақру фоқа зор-зор
Душманонро мондаӣ дар мулку мол ангехтан.
(Девони ашъори Носири Бухороӣ, с.94)

  1. Боз кор бурдани (кор фармудан!):
    эътимед – ба ҷои эътимод китеб – ба ҷои китоб пушта – ба ҷои тепа дина – ба ҷои дирўз ангуштарӣ – ба ҷои ангуштарин (Девони ашъори Носири Бухороӣ, с.95-96).

Хулоса, аз ин гуна шавоҳиди вижа дар ашъори Носири Бухороӣ фаровон мушоҳида шуда ва онҳо дар муқаддимаи доктор Маҳдии Дурахшон (с.77) ва замимаи Девони Носир «Бархе аз вожаҳо ва таъбирҳо ва таркибҳо» омада (с.434-446) ва муҳаққиқи номбурда он шавоҳидро мансуби «сабки ширин ва махсуси» Носири Бухороӣ донистааст.
Ин назар комилан саҳеҳ аст. Вале дар ин маврид боястӣ илова шавад, ки он вижагиҳо фақат мансуб ба сабки махсуси Носири Бухороӣ набуда, барои кулли порсии Варорўд як воқеияти дирўзу имрўзи мост ва дар бисёр аз навиштаҳои суханварони баъдина ва дар осори адибони имрўзи тоҷикон ва забони оммаи мардуми Бухоро ва кулли тоҷикон хос ва ба ҳукми вижагиҳои забон зиндаанд.
Шавоҳиди лозимро дар ин боб метавонем аз Луғатномаи Садриддин
37 Айнӣ пайдо бикунем. Масалан, суханвари охири қарни ХІХ бухороӣ Ҳайрат гуфта:

Ҳамаро сўи базми васл барад,
Ҳайрати дилфигорро монад.

Ва боз аз Ҳайрат:

пешина
аз 235
навбатӣ