Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Сухан кажжӣ гуфтан зи бечорагист,
Ба бечорагон-бар бибояд гирист!
Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зиштӣ барад!
Дар Манифести Куруши Бузург назари куллӣ ва амали воқеии он сиёсатмадори бузурги бостон комилан ҳувайдост ва мақоми волои он шахсияти худододро то замони мо ба тарз ва гунаи хосаи осебнопазир маҳфуз нигоҳ доштааст. Мубаллиғи соҳибиродаи фарҳанги бостон Ардашери Ҷаҳониён дар китоби хеш «Дини Ҳахоманишиён» ба мақсади ошкор намудан ва намоиш додани мавқеи андешамандӣ ва назарии сиёсиву давлатдории Куруши Бузург, чанд иқтибос аз гуфтаҳои шо ҳони замони бостонро дарҷ намуда, ки дар қиёс бо ақоид ва назару андешаи Ку руши Бузург, рафтори ваҳшиёна ва кору кирдори золимонаи онҳоро, ғорат ва тороҷгариҳо, кушторҳои онҳоро комилан ифшо месозад. Ардашери Ҷаҳониён аз гуфтаҳои Ошурбанибол, ки сад сол пеш аз Куруши Бузург ҳукумат дошта, фиқраи зайлро овардааст: «Шушро мутасарриф шуда аз сари хазоин ва захоири салотини қадими Элом, ки аз қадим бар вай ҳам анбошта шуда буд, мўҳр баргирифтам – ҳарчи сим ва зару ҷавоҳир ва албиса ва асосияи қусур ва муҷассамаи салотин аз нуқраву тилло ва мафрағ ва санг буд ба Ошур фиристодам. Сипас маобиди Эломро аз беху бун барандохтам ва худоёнашонро ба боди фано додам. Дар масофати як моҳу бисту панҷ рўз он сарзаминро сартосар вайрон кардам ва дар он шўраву хори биёбон пошидам. Писарон ва хоҳарони подшоҳон ва тамоми аъзои хонаводаи салтанат ва ҳукком ва аслиҳасозон ва арбоби ҳирафро аз зану мард ва низ ҷумла ағном ва аҳшом, ки беш аз абре аз малак мешуданд, ба Ошур бурдам.
Хулоса Эломро кўбидам ва фарёдҳои шодиро аз дарудашти он хитта буридам
39 ва онро ҷойгоҳи гўрхарон ва деву дадон сохтам».
Ардашери Ҷаҳониён боз як иқтибоси дигаре оварда аз Бухтуннаср (дар ибтидои кишвардории Куруши Бузург зистааст) ва он чунин аст:
«Фармон додам, ки сад ҳазор чашм дар оваранд ва сад ҳазор қалампоро бишкастанд. Бо дасти худам чашми фармондеҳи душманро даровардам. Ҳазорон писару духтарро зинда-зинда дар оташ сўзондам. Хонаҳоро чунон кўф-
40 там, ки дигар бонги зиндае аз онҳо барнахезад».
Бо ин далоил мақом ва обрўи Куруши Бузург дар назари хонанда боз бештар равшантар, дурахшонтар ва мушаххастар ҷилвагар аст. Ба забони зарбулмасали машҳур шоиста аст, агар гуфта шавад: «Он ҷо ки аён аст, чӣ ҳо ҷат ба баён аст».
Дар поёни сухан мешавад таъкид кард, ки қонуни адолат ва инсоф, қонуни ҳуқуқи башар боистӣ ҳамвора маҳаки санҷиши асосҳои давлатдорӣ, фалсафаи сиёсати ҳукуматдорӣ буда бошад ва руҷўъ ба таҷрибаи гузаштагон, баррасии сират ва сурати дували ҳамкешон ва ҳамнасақон метавонад моро ба роҳи беҳтари рўзгору зиндагӣ роҳнамун созад. Ниҳоят бо чанд сатри ҳикматомези қофиласолори шеъри форсӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ин пора суханҳоямонро аз гузашти замон хотима медиҳам:
Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё