Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар китоби «Таърихи забони форсӣ» эшон ин матлабро баён намудаанд.
Вале бо ҳамаи эҳтиром нисбат ба устоди фақид, ки банда эшонро муаллими хеш медонам, бояд ёдовар шавам, ки ин назарияи интиқоли забони порсии
10 дарӣ аз ҷануб ба шимол дар кутуби эроншиносони Ғарб низ омадааст.
«Аммо ин ки, – навиштааст устод Хонларӣ, – чаро забони форсии дарӣ ба Хуросон мансуб шуда ва пас аз ислом дар он қисмат аз Эрон нашъунамо ёфтааст» пурсише аст, ки бояд посухи онро дар нукоти зайл ёфт:
Пас аз он ки пойтахти Сосонӣ (Тисфун – Мадоин) ба тасхири тозиён даромад Яздигирд бо ҳамаи сипоҳиён ва дарбориёни худ ба дохили Эрон ақибнишинӣ кард ва пас аз шикасти Наҳованд ба ҷануби Эрон рафт ва аз Истахр ба Кирмон ва сипас ба Қуҳистон ва аз он ҷо ба Марв расид ва ба мўҷиби асноди таърихӣ дар ин сафар ҳамаи дастгоҳи дарбории Сосонӣ бо ў ҳамроҳ буданд ва ҳатто китобхонаи шоҳиро бо худ ба он ҷо бурда буд, ки то яке ду қарн баъд дар ҳамон ҷо монда буд. Дарбориёни дастгоҳи Сосонӣ пас аз кушта шудани он шоҳи баргаштабахт табъан дар он сарзамин монданд, зеро ба сўи мағриб, ки дар дасти тозиён афтода буд, роҳе надоштанд. Сипас, ки сипоҳи мусулмонони араб пеш омад ва бар он навоҳӣ низ мусаллат шуд, ночор гурўҳи касир аз эшон ба унвони маволӣ бо сипоҳи ислом ҳамроҳ шуданд ва дар фатҳи вилоятҳои шарқӣ ва шимоли шарқӣ бо тозиён ҳамкорӣ карданд ва ба ин тариқ суннате, ки аз лиҳози забони идорӣ ва расмӣ дар дарбори Сосонӣ падид омада буд, ба машриқ интиқол ёфт.
Гузашта аз ин табиӣ аст, ки дар давраи Сосонӣ марзбонон ва фармонравоёни маҳаллӣ, ки бо дарбори шаҳаншоҳӣ сару кор доштанд, дар равобити идорӣ ва сиёсии худ бо Маркази ҳукумат, ҳамон забони расмӣ, яъне дариро ба кор мебурданд ва бо он ошноӣ доштанд. Ба ин тариқ забони дарӣ пас аз ғалабаи тозиён дар навоҳии ғарбӣ ва ҷанубӣ камтар ба кор рафт ва дар Машриқ ва шимоли шарқӣ ба сабаби он ки аз маркази Хилофати исломӣ (Димишқ, сипас Бағдод) дуртар буд ва ҳамчун ба он сабаб, ки афроди дастгоҳи Сосонӣ ба он навоҳӣ интиқол ёфта буданд, бештар давом ёфт ва дар аввалин фурсате, ки барои падид омадани ҳукуматҳои мустақил ё ниммустақили эронӣ даст дод, ҳамон забони расмӣ ва идорӣ ва илмӣ қарор гирифт ва гўишҳои маҳаллӣ дигар
11 дар муқобили он ҷилвае накарданд ва чунон мақоме ба даст наёварданд».
Ғараз аз иқтибоси тўлонӣ аз китоби «Таърихи забони форсӣ»-и устод Парвиз Нотили Хонларӣ ин аст, ки ақоиди мухолифи назарияи мазбур барои хонанда равшан ва возеҳ бошад. Аз муҳаққиқони авохир посухи сареҳ бар назарияи интиқоли забони порсии дарӣ аз ҷануб ба шимол, дар мақолаи оқои Ризо Зумуррадиён басо ҷолиб аст. Навиштаи Ризо Зумуррадиён бо унвони «Маншаи порсии дарӣ», яке аз ҷолибтарин мақолот дар мавзўи бунгоҳи забони порсии дарӣ ба шумор рафта метавонад. Дар ин мақола баҳси ҷолибе дар ин боб омада собит гаштааст, ки «дар Машриқи Эрон (=Мовароуннаҳр ва Хуросони қадим – К.А.) чандин забон ва лаҳҷа вуҷуд доштааст, ки забони порсии дарӣ (=тоҷикӣ – К.А.) яке аз онҳо будааст ва табиатан аз ин забонҳо ва лаҳҷаҳо ба вижа портӣ, ки муддатҳо забони расмии Эрон буда, мутаассир шудааст.
Вуҷуди вожаҳои порсии миёна дар порсии дарӣ, ки ғолибан эроншиносон ба он истинод мекунанд, метавониста аз роҳи иртиботҳои зиёду танготанге, ки миёни мардуми Форс ва мардуми Машриқи Эрон буда, вориди порсии дарӣ шуда бошад. Бо вуҷуди ин замоне, ки решаи ҳамаи вожаҳои порсии дарӣ ба хубӣ равшан нашудааст, қабули ин ақида ва ақидаҳое, ки дар боло аз он сухан рафт, қобили тааммул аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё