Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

заБони Порсии дарии тоҷикии варорЎд ва хуросон Муҳаққиқи шинохтаи адабиёти форсӣ Евгений Бертелс (1890-1957) ба ҷонибдории андешаҳои устод Малукушшаро Баҳор (1886-1951) соли 1944 навишта буд: Пешниҳоди Баҳор тамоман ҳамоҳанг аст бо он хулосаҳое, ки ба
1 онҳо ман дар мақолаи хеш «Адабиёти форсӣ дар Осиёи Миёна» расидаам».
«Бо пазируфтани он нуктаи собитшуда», – идома медиҳад Бертелс, – ки дарӣ
– забони асосии мардуми эронинажоди Осиёи Миёна аз Балх то Бухоро, забонест, ки баробари суғдӣ (дар он минтақа) фаъолият доштааст, мо он воқеияти табииро метавонем ҷонибдорӣ бикунем, ки ин забон маҳз дар Бухоро ва Самарқанд мақоми забони адабиро ноил гардид. Ва роҳ додан ба ақидаи муҳоҷирати ҳамагонӣ аз Эрон ба Осиёи Миёна, ки шавоҳиди хаттӣ собит намекунад, ки гўё дар натиҷаи он муҳоҷират забони суғдӣ ба дарӣ табдил шуда бошад – ин ақида дигар беҳуда аст». Ин андешаи баёншударо Евгений Бертелс дар бархе аз таълифоти баъдинаи хеш рушд дод. Масалан, соли 1946 вай мақолаи муфассале бо унвони «Форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ» навишт, ки дар маҷмўаи «Ахбори шўъбаи Тоҷикистонии Академияи Улуми Иттиҳоди Шўравӣ» ба чоп
2 расида буд.
Ин назария, ки ҳанўз соли 1926 аз ҷониби Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926, с.3) низ пешниҳод шуда буд, хилофи ақидаи донишманди забонҳои бостонии эронӣ Александр Фрейман буд, ки ба майдон омадани забони дариро дар Осиёи Миёна натиҷаи ҳамон муҳоҷирати
3 мардум аз ҷониби Эрон ба он минтақа медонад.
Ба ин муносибат ногуфта намонад, ки он замон кулли теъдоди шумораи 12, соли 1946 маҷмўаи «Ахбори шўъбаи Тоҷикистонии Академияи улуми Иттиҳоди Шўравӣ», ки дар он мақолаи зикрёфтаи Евгений Бертелс ба табъ расида буд, ба монанди «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С.Айнӣ бо фишори дастгоҳҳои сиёсӣ аз ҷониби созмони вижаи масъули интишоротӣ манъ гардид ва комилан сўзонида шуд. Банда, ки он гоҳ як нусхаи тайпшудаи мақоларо наҷот дода будам ва соли 1996, пас аз 50 соли сўхта шудани тиражи маҷмўаи мазбур, дар замони истиқлоли Тоҷикистон, бо дар назардошти аҳамияти бузурги он, дар маҷаллаи «Помир» дар замимаи мақолаи «Дастнависи сўх-
4 ташуда»-и хеш интишор додам.
Ва аммо дар Эрон нахустин донишманде, ки ба матлаби мавриди баррасии имрўз таваҷҷўҳ намуда, устоди зиндаёд Маликушшуаро Баҳор аст, ки андешаҳои боарзиши хешро дар мақолаи «Решаи забони форсӣ» соли 1298 ҳ.қ.
(1918 маҷаллаи донишкада, шумораи 11-12, с.567-570), баён намуда, мавқеъ, мақом ва аҳамияти Мовароуннаҳр ва Хуросонро дар рушди забон ва адаби беш аз ҳазорсолаи мо равшан сохтааст. Чанд иқтибосе аз устод Баҳор. Зимни баёни мавзўъ устод нигоштаанд:
Аз тафаҳҳус дар кутуби адабия ва аз татаббўъ дар ашъори мутақаддимин ин қадар метавон фаҳмид, ки забони Эрон, яъне забоне, ки аҳолии Ироқи аҷам, Форс, Занҷон ва Кўҳистон бо он такаллум мекардаанд, забони паҳлавӣ буда ва ин ҳамон луғате аст, ки то кунун рустоиёни форсизабони Ҳамадон ва Занҷон ва Ироқ бо он сухан мегўянд ва махсусан мардумони Симнон бо таҳрифоти касира боз ҷидде дар сиёнати он луғат доранд».

пешина
аз 235
навбатӣ