Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Вахшури араб мусҳафи Қуръон бинигорад,
Зардушти аҷам номае аз Занд бигирад.
Юнон ба ҳакимон сухан аз фалсафа гўяд,
Дар Ҳинд хираднома бараҳманд бигирад.
Алқисса ба бозори ҷаҳон доду ситад хост,
То мард аз ин доду ситад чанд бигирад.
Ин қитъа ниёзест ба ширинсухане к-ў
Сад тунги шакар аз лаби чун қанд бигирад.
Садри адабу айни ҳунар Айнии доно,
К-аш даҳр наёрад, ки ҳамонанд бигирад.
Хурсанд шавад хотири ғамгин, агар устод
Аз он суханон хотири хурсанд бигирад.
Хандон шаваду шод шавад Ҳикмати маҳзун,
Аз дўст агар як-ду се лабханд бигирад.
Теҳрон, хурдодмоҳ, 1327, Алиасғари Ҳикмат».
Ин қитъа, ки бо хатти заррини настаълиқи олӣ дар лавҳаи нигорин қаламӣ шуда буд, ба воситаи Анҷумани равобити фарҳангии Эрон бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ ба дасти Садриддин Айнӣ расид.
Садриддин Айнӣ дар навбати худ қитъаи ҷавобияи зеринро суруд ва барои адиби донишманди эронӣ Алиасғари Ҳикмат фиристод, ки он ҳам дар матбуоти Эрон ва низ дар «Шарқи сурх»-и маҷаллаи Иттифоқи нависандагони
15 Тоҷикистон чоп шуд. Инчунин тарҷумаи русии он қатъаро бо тарҷумаи қитъаи Алиасғар Ҳикмат «Дружба народов»-и маҷаллаи Иттифоқи нависан-
16 дагони Иттифоқи Советӣ мунташир кардааст.
Қитъаи ҷавобияи Садриддин Айнӣ «Барги сабзи дўстона аз қабили тиккаи муҳаббат Пешкаш ба донишвари Эрон Алиасғари Ҳикмат.
«Ҳамсоя зи ҳамсоя ба худ ранг бигирад,
Ҳар тор зи тори дигар оҳанг бигирад».
Оҳанг ду гун аст – мухолиф ва мувофиқ,
Доно натавонад, ки ҳар оҳанг бигирад.
Оҳанги мухолиф расад аз сози адоват,
Ин соз ба каф шахси дижоҳанг бигирад.
Оҳанги мувофиқ расад аз тори муҳаббат,
Ин ҳабли матин соҳиби фарҳанг бигирад.
Мо дўстии халқи ҷаҳон пеш гирифтем,
Аз мост ҳар он кас, ки чунин ранг бигирад.
Най дар ивази карнаи пархош навозад,
Андар бадали тиру камон чанг бигирад.
Хоҳандаи амнияту осоиши мардум
Аз хумми муҳаббат маи гулранг бигирад.
Ў шод нишинад бари ёрон, рухи дажхим –
Бигзор зи кину ҳасад ожанг бигирад.
Барпо шавад ар дўстии мардуми олам, Расво шавад он кас, ки раҳи ҷанг бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё