Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Охир шўрише, ки синфи коргар ба вай роҳбарӣ кунанда нест, аз ин зиёдтар ва пуршўртар намешавад.
Аз ғайри ин шўрише, ки дар ретсензия нақл ёфтааст, дар китоб боз як чанд шўриш дар асоси ёддоштҳои Бедил нақл шудааст, ки ба сабаби нусха дар дастам набудан, ман саҳифаи зикри онҳоро нишон дода наметавонам. Яке аз он шўрише буд, ки мардуми меҳнаткаш дар вақти подшоҳ ба Дакан рафтан, фурсатро ғанимат шумурда ғайр аз Деҳлӣ ҳамаи шаҳрҳо ва вилоятҳои атрофи онро ба даст гирифта буданд ва пойтахт – Деҳлӣ дар муҳосираи шўришчиён монда буд. Ин – шўриши мусаллаҳ буд.
Бедил дар яке аз ёддоштҳои худаш шўриши халқи мазлуми ғайри мусаллаҳро бо образи ба худаш махсус бо байти зерин тасвир кардааст, ки он ҳам дар китоб нақл ёфтааст. Он байти Бедил ин аст:
Баски меболид ҳар сў гарди дилҳои хароб,
Гар ҳавоям пеш меомад сари девор буд…
Бедил бо ин байт гуфтан мехоҳад, ки гарди дилҳои аз дасти синфи ҳоким хорабшуда чунон дар парвоз буд, ки ҳаво, яъне ҳавои гардолуд, монанди девор аз ҳамин гардҳои ғализшуда сари роҳро мебаст.
Дар охири моддаи 4 ретсензиянавис аз с.24 китоб ситатае оварда муаллифро ба он айбдор мекунад, ки гўё ў давраи Акбарро идеализатсия кардааст.
Ва ҳол он ки дар ҳамин ситата «… давлат нисбатан мустаҳкам… шуд» гуфта шудааст. Касе, ки давраи Акбарро идеализатсия кардан мехоҳад, дар ин маврид калимаи «нисбатан»-ро кор намефармояд.
Аз ғайри ин, ҳарчанд нусхаи набории таҳрирёфта дар дастам нест, дар хотир дорам, ки дар мавриди зикри Акбар ба мазмуни зерин чизе буд: «…
Бо тадбири Акбар иттиҳоди орестократи темуриён бо орестократи ҳиндувон ба вуҷуд омада инҳо бо созиши якдигар оммаи халқро тороҷ карданд…».
Аммо ретсензиянавис ситатҳои китобро пурра накардааст, ҷоҳоеро дошта гирифтааст, ки барои тўҳмат кардан роҳ кушода шавад. Касе ки холисона ретсензия менависад, як эпизодро пурра ба назар мегирад, то мақсади муаллиф маълум шавад, на танҳо як ҷумларо дошта гирад, ки бе мулоҳизаи болову поёни он дар тўҳмат роҳ ёбад.
5) Дар моддаи панҷуми ретсензия нависандаи он дар китоб нақл кардани қуръонхонӣ ва тафсирхонии Бедилро намеписандад. Магар ба фикри ў дар ин маврид чизҳоеро, ки худи Бедил дар ёддоштҳо ва тарҷумаи ҳоли худ навиштааст пўшонда гузашта ўро «аз хурдсолӣ файласуф ба дин муқобил буд»
гуфта нишон додан даркор будааст. Ба фаҳми ман дар тарҷумаиҳоли каси тадқиқшаванда ҳеҷ чизро напўшонда гуфтан лозим аст. Дар тарҷумаи ҳоли олимон ва шоирони гузашта танҳо он чизҳоро, ки ба замони мо наздиканд, гуфта ўро идеализатсия кардан нодуруст аст, чунон ки баъзе касон дар ҳаққи Алишери Навоӣ ҳамин тарз карданд ва зада ҳам шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё