Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй бехабарон, эй соддалавҳон, эй бечорагон! Баъзеҳо ё зўм ҳастанд ё аз ҷаҳолат, аз бехабарии худ ҳатто огоҳ нестанд.

Ҳар кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад!
В-он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Ў куррахари хеш ба мақсад бирасоад…

Қиблагоҳ ба зудии зуд ҷавоби тақризро навишта омода карданд. Дар ин миён аз домулло Деҳотӣ хабар расид, ки бинобар дастури роҳбарони КМ тақризи Главлит барои мутолиа ба муаллиф дода мешавад ва ҳамчунин қарор шудааст, ки 2 нафар аз шахсони босалоҳият – Абдусалом Деҳотӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев, он замон директори Институти забон, адабиёти АУ Тоҷикистон, вазифадор шудаанд, ки ба тақризи Главлит ҷавоб нависанд ва баъдан ҳар ду муҳаррири китоб бошанд. Аммо қиблагоҳ эълон карданд, ки «ҷавоби қурут оби гарм», ба китоби худ худашон ҷавобгўй ҳастанд…
Замони баргаштани қиблагоҳ ба Самарқанд расида буд ва он кас озими ин шаҳре, ки онро «шаҳри коргоҳи асосиам» мегуфтанд, шуданд.
Пас аз чанд гоҳ ҷавоби домулло Айнӣ ба тариқи расмӣ ба идораи боло таҳвил гардид. Дере нагузашта масъалаи чопи «Мирзо Абдулқодири Бедил»
ҳам ҳал шуд. Деҳотӣ ва Мирзоев ин хабарро ба қиблагоҳ расониданд ва бо хоҳиши онҳо камина ҳам чун аъзо дар «таҳрири» китоб даъват шудам. Таҳрир асосан аз қайчӣ кардани баъзе фиқраҳо ва кўтоҳ кардани баъзе ҷумлаҳо иборат буд, ки ба тасаввуф, сўфигарӣ, дину оинҳо ва матолиби дигаре дахл дошта аз тарафи масъулони замони мо пазируфта намешуданд. Ҳамчунин бо пешниҳоди муҳаққиқи таҷрибакори мо Абдулғанӣ Мирзоев як гуфтаи В.И.Ленин илова карда шуд, ки дар таълифоташон ҷо-ҷо дида мешуд: «Ба хидматҳои таърихӣ на аз рўи он баҳо дода мешавад, ки арбобони таърихӣ нисбат ба талаботи замони худ чӣ чизҳо надоданд, балки аз рўи он баҳо дода мешавад, ки онҳо нисбат ба пешгузаштагони худ чӣ чизҳои нав додаанд».
Ба ҳамин тариқ, бо ихтисор кардани баъзе фикр ва ҷумлаҳо ва бо овардани иқтибоси боло, китоби домулло Айнӣ ҳамгом ва ҳамрози замону замониён шуда тавонист ва аз тўҳмати «зидди халқӣ» ва барои ҷомеаи мо хатарнок будан раҳоӣ ёфта буд!
Китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» охири охирон интишор шуд ва якуним моҳ қабл аз фавти муаллиф ба дасташон расид. Вақте ман чанд нусхаи аввали онро ба дасти қиблагоҳ расонидам, нусхаи якумро бо соядасташон ба ман ба ёдгор эҳдо карданд. Дар варақи якуми китоб бо хатти арабӣ наишта шудааст: «Нуричашмӣ, Камол! Ба ту бо хайрхоҳӣ ва меҳри падарӣ ёдгорӣ – С.Айнӣ, 31.04.54. Исталинобод».
Ба замми ин бо фишори Главлит он замон Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ба матни китоби «Мирзо Абдулқодир Бедил»-и Садриддин Айнӣ (Сталинобод, 1954, саҳ. 29) эзоҳи зайлро овардааст, ки он дар нусхаи бо дасти устод С. Айнӣ нигошта шуда ва ба нашриёт супурда шуда вуҷуд надорад. Яъне аз тарафи кормандони Главлит ва нашриёт амали зиште воқеъ шудааст, ки матни китоби С. Айниро таҳриф карда, ба он аз ҷониби худ шарҳи номақбули ноҷои нобахшуданиеро илова намудаанд.

пешина
аз 235
навбатӣ