Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ҷуфт гардад забон бо дурўғ,
Нагирӣ зи тахти сипеҳрӣ фурўғ.
(Фирдавсӣ)

Гумони ба яқин наздики нависандаи ин сутур ин аст, ки китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» фақат як баҳонае буд. Ин ҷо ғарази бадбинонаи баъзе ашхоси созмонгари бехатарии ғоявии замон ҷо дошт. Ва онҳое, ки бо ҳама камсаводӣ ва ҳатто тақрибан бесаводии хеш, дониставу надониста ҷомеа ва мардумро, аз аробакаш ва фарроши кўчаву баққоли бозор то донишмандон ва адибони воломақом «тарбият» мекарданд, хостанд домулло Айниро як бори дигар «эҳтиёт бош» гўянд. Ба ин ният, китобе, ки барои чоп («набор»
ба истилоҳи он замон) омода шуда буд, ба главлит бо таъкиди махсус барои «тақриз» фиристода шуд ва муаллиф, ки ин асарашро (мисли Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и хешро) ба давлату замон эҳдо карда буд, аз ин сирри махфӣ огаҳие надошт.
Ин рози пинҳонии созмонҳои давлатӣ ногаҳон барои ман ошкор шуд ва ифшо гардид.
Аз оғози фаъолияти Академияи улум (он вақт «фанҳо» мегуфтанд) як сол гузашта буд. Рўзе дар хиёбони марказии он замон Сталинобод ба А.М.
Баҳоваддинов бархўрдам, ки вай муассис ва роҳбари мо интихоб шуда буд. Ба ҷиҳати ҷасур ва нотиқ буданаш ўро Алав Маҳмудович мегуфтанд ва ба сабаби шахси хушмуошират буданаш камина низ ба ў муносибати дўстона доштам.
Он гоҳ, пас аз шўхиҳо ва хушгуфториҳое чанд Алав Маҳмудович маро ба утоқи кории хеш даъват кард ва гуфт:
– Додарам Камолиддин, ман ба шумо як санад нишон медиҳам, ки агар он беҷавоб монад, «Мирзо Абдулқодири Бедил»-и қиблагоҳро пора-пора мекунанд ва ё месўзонанд.
Пас Алав Маҳмудович сандуқи оҳанинашро боз кард ва тақризе, ки ба мақсади аз байн бурдани китоби домулло Айнӣ навишта шуда буд ва нусхаашро ба ў дода буданд, дар ихтиёри ман гузошт ва гуфт:
– Ба баҳонаи ин ки саломатии қиблагоҳ хуб нест, ин тақризро намехоҳанд ба он кас диҳанд. Шумо ҳам ба он кас беҳтар аст нишон надиҳед ва ё фақат ишорае кунед, ки огоҳ бошанд. Вагарна китоб чоп намешавад ва дастнависи муаллиф ҳам аз байн меравад. Ин ҷо «таҳи коса нимкоса» ҳаст. Дидед, ки ба китоби «Чор дарвеш», ки Ҷалол Икромӣ ба чоп тайёр кардааст ва бо муқаддимаи разилонае бо унвони «Китоби зарарнок»-ро газетаи «Тоҷикистони сурх» чоп кард (5 апрели с.1952). Ман дар ин ҷо ва хусусан солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Эрон буданам ва бо лақаби Оғои Гулистонӣ кор карданам, ин ҳама найрангбозиҳо, ба қавли эрониҳо ҳуққабозиҳои сиёсиро хуб медонам…
Дар роҳ, ки ман ба манзил бармегаштам, дар ин бора бисёр фикр кардам.
Ниҳоят дар бораи пешниҳоди Алав Маҳмудович қарор додам, ки ин матлабро бо як роҳи ҳалим бояд ба падарам бигўям.
Чанде пас, вақте ба хона расидам, дар ҳузури домулло як мавриди муносиби сўҳбатро пайдо карда аз «Чор дарвеш» гап кушодам. Он кас гуфтанд:
– Бачем, онҳое ки ба китобҳои классикон ҳуҷум мекунанд, намехоҳанд, ки мардум бо гузаштааш бештар ошноӣ пайдо кунанд, зеро худашон аҳли савод нестанд.

пешина
аз 235
навбатӣ