Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сохтакорӣ ҳамеша ба санъати ҳақиқӣ халал мерасонад.
С.Айнӣ дар тадқиқоти ҳаматарафаи худ ба як қатор саволҳои доир ба омўзиши эҷодиёти Бедил ҷавоб додааст, вале як қатор саволҳои дигар ҳанўз мунтазири ҷавобанд ва умедворем, ки маҳз пайдоиши ин китоб ёрӣ мерасонад, ки ба он саволҳо ҳам ҷавоб гардонда шавад. Пеш аз ҳама дар бобати омўхтани забони Бедил кор бурдан, таркиби луғавии он ва муносибати нисбат ба забони адабии умумии тоҷик доштаи онро муайян кардан лозим аст, донистан даркор аст, ки луғату ибораҳои арабӣ ва ҳиндуӣ дар забони шоир чӣ мавқеъ ва чӣ хусусият доранд. Омўхтани синтаксиси Бедил, муайян кардани ин ки чи гуна сохти ҷумла барои ў махсусан характернок аст ва таносуби синтаксис дар назм ва насри ў чӣ гуна аст, низ аҳамияти калон дорад. Кори омўзиши луғат боиси омўзиши хусусиятҳои бадеии забон, характери образҳо ва ташбеҳу истиораҳо мешавад ва имконият медиҳад, ки дар бораи услуби шоир ҳам масъала гузошта шавад.
Вақте ки ба саволи аз чӣ иборат будани хусусияти услуби Бедил ҷавоби саҳеҳ дода шуд, масъалаи муҳимми бо кадом сабабҳо ба амал омадани ин гуна услубро ҳал кардан ва таърихи пайдоиши онро муайян намудан мумкин аст. Ниҳоят боз ба як сваоли дигаре ҳам, ки ман чандин сол боз медиҳам, ҷавоб ҳосил кардан мумкин буд. Ин савол он аст, ки барои чӣ мактаби кўҳнаи мусулмонӣ маҳз ба Бедил ин қадар сахт часпида буд? Вобаста ба ин боз саволи дигаре ҳаст, ки ба он фақат солхўрдатарин хонандагони ин китоб ҷавоб дода метавонанд. Он саволи охирин ин аст, ки дар мадраса ва мактаби кўҳна Бедилро чӣ тавр меомўхтанд, чӣ чизҳои вайро мехонданд ва агар чизҳои хондашударо дар ҳақиқат шарҳ диҳанд, чӣ навъ шарҳ медоданд? Ба назари ман мерасад, ки ба яке аз ин саволҳои бисёр чунин ҷавоб гардонидан мумкин аст: саркардаҳои мактаби мусулмонӣ хуб медонистанд, ки дар асарҳои Бедил бисёр фикрҳое ҳастанд, ки мумкин буд боиси як навъ «озодфикрӣ» ё «шаккокии» хонанда шаванд. Бинобар ин онҳо ба гардани ҳар як шогирд хондани асари бағоят душвори ин муаллифро зўр ба зўракӣ бор мекарданд ва ин корро чунон мекарданд, ки нафаҳмида, кўр-кўрона хондани Бедил ба дили он шогирд мезад ва дар он дигар ҳеҷ майли ба сари худ омўхтани эҷодиёти ин шоир намемонд. Маҳз барои ҳамин ҳам бояд бошад, ки асарҳои Бедилро бо хатҳои шикаст ва бенуқтаи хонданаш ниҳоят мушкил аз нусха мекўчонданд ва ҳамон тавр ҳам чоп мекарданд. Ин гуна тадбир дар ҳақиқат боиси он мешуд, ки тамомкунандаи мактаб аз ин китоби пуразоб ҳамчун аз оташ метарсид. Оё чунин эзоҳ додани масъала дуруст аст ё не, инро фақат касе гуфта метавонад, ки худаш азобу кулфати ин гуна бедилхониро бевосита аз сар гузаронида бошад ва мумкин аст, ки ба ин савол беҳтар аз ҳама хубтарин донандаи эҷодиёти Бедил С.Айнӣ ҷавоб диҳад.
Боварӣ дорем, ки чоп шуда баромадани ин китоб ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гардонданро осон мекунад ва бо худи ҳамин ба пешрафти омўзиши таърихи адабиёти тоҷик ёрӣ мерасонад, ба ҳалли проблемаи ивазшавии услубҳо диққати тадқиқотчиёнро мекашад, яъне дар ин соҳа корҳои илмӣтадқиқотиро ба пояи баланд мебардорад».

пешина
аз 235
навбатӣ