Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Таҷрибаи касбӣ ва ташкили фаъолияти соҳибкорӣ Барои ҳар як мамлакат урфу одати савдо ва таҷрибаи касбӣ хос аст, илова ва онҳо бисёр вақтҳо фарқияти хеле зиёд доранд. Барои пеш бурдани муносибатҳои ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ дар назар дошта шавад, ки бозори инҳо назар ба бозори ШМА ва Канада (инҷо қонунҳои қатъии зидди трестӣ мавҷуд буда, фирмаҳои хурд ва миёна имконияти зиёди инфиродии молиявӣ доранд ба дараҷаи хеле баланди монополизатсия кунонидашуда фарқ мекунанд.

Фаъолияти рақибон
Дар мамлакатҳои гуногун содирот бо шароитҳои махсуси рақибон рў ба рў мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо фирмаҳои (корхонаҳои) маҳаллӣ рақибон дар натиҷаи дастгирии ҳукумат ва харидорон бартарӣ доранд. Дар ҳамаи ҳолатҳо дар вақти ба фаъолияти рақибон баҳо додан, ба саволҳои зерини асосӣ ҷавоб медиҳанд:.
-омилҳои аввалиндараҷа муваффақияти молҳои бегона, қадру қиммат ва камбудии онҳо;
-таҷрибаи фирмаҳо-рақибон дар намоиши мол (реклама) ва ҳавасмандкунии фурўш;
-сатҳи хизматрасонии баъд аз фурўш дар фирмаҳо-рақибон; аз тарафи фирмаҳорақибон истифодабарии нуқтаҳои шахсӣ ва маҳаллии фурўш, фаъолияти вакилони онҳо.
Баъд аз мутолиаи ин мавзўъ, донишҷў бояд донад:

  1. Барномаи маркетингӣ чанд хел, аст.
  2. Барномаҳо бо кадом нишондиҳандаҳо аз якдигар фарқ мекунанд.
  3. Омилҳои муҳити берунӣ ба фаъолияти тиҷоратии фирмаҳо (корхонаҳо) чи тавр таъсир мерасонанд.

УСУЛҲОИ БАСТАНИ СОЗИШНОМА (КОНТРАКТ)

  1. Усулҳои ҷустуҷўи харидор
  2. Тартиб додани пешниҳоди фурўшанда
  3. Қоидаҳои бурдани гуфтугузор
  4. Таркиби созишномаи содиротӣ
  5. Муқаррар кардани нарх як воҳиди мол дар созишнома
  6. Қоидаҳои расмкунонии созишнома

Усулҳои ҷустуҷўи харидор Созишнома ҳуҷҷати асосии хариду фурўши байни ду фирма (корхона) ба ҳисоб меравад.

пешина
аз 91
навбатӣ