Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Дар ҳолати мавҷудоти ин механизми назорат, фирма (корхона) метавонад бо назардошти вазъияти баамаломада бо воситаи хароҷоти камтарин ба барномаи хеш тағйирот дароранд.

Маркетинг ва омилҳои муҳити беруна
Омилҳое, ки аз тарафи фирма (корхона) назорат карда намешаванд ва дар вақти гузаронидани чорабиниҳои тиҷоратӣ бояд ба назар гирифта шавад, омилҳои доираи берунӣ номида мешавад.
Ба инҳо дохил мешаванд:

  1. Сатҳи рушди иқтисодӣ (мамлакат, минтақае, ки фирма дар бозорҳои он фаъолият менамояд) ва қобилияти харидории аҳолӣ (дар вақти савдои молҳои истеъмолӣ).
  2. Сатҳи прогресси илмию техникӣ (барои баҳодиҳӣ ба шакл ва пешоянди фаъолияти дарозмуддат дар ҳамин бозор).
  3. Шароити иҷтимоӣ ва урфу одати маданӣ (барои дуруст бурдани сиёсати намоиши (реклама) ва ҳаракати муваффақияти мол).
  4. Ҳолати ҷуғрофии минтақа, боду ҳаво, меъёрҳои маҳаллӣ, норма (меъёр), қоида ( барои ба сохти мол дохил кардани тағйиротҳои зарурӣ).
  5. Шароитҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ.
  6. Таҷрибаи касбӣ ва ташкили фаъолияти соҳибкорие, ки дар мамлакат ва минтақа қабул карда шудааст.
  7. Фаъолияти рақибон.
    Баъзе омилҳои дар боло зикршударо муфассал дида баромадан зарур аст, чунки дар вақти кор карда баромадани барномаи маркетингӣ ба назар нагирифтани омилҳои хусусиятҳои берунӣ кўшиши мутахассисонро барбод медиҳад. Тасодуфӣ нест, ки солҳои 1970, 1980 молҳои истеҳсоли Штатҳои Мутаҳидаи Америка дар натиҷаи баҳисоб нагирифтани омилҳои берунӣ бо зуддӣ аз истехсолот ва фурўш бароварда мешуданд.
    Таҷрибаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳиссаи барорнокии кор карда барорӣ аз ҳаҷми умумии тадқиқоти ибтидоӣ аз 4% зиёд нест.
    Сатҳи рушди иқтисодӣ
    Сатҳи рушди иқтисодии мамлакатро мутахассисони хориҷӣ, пеш аз ҳама бо нишондиҳандаи сатҳи зиндагии аҳолӣ асоснок мекунанд. Аз рўи ин нишондиҳанда онҳо мамлакатро ба се гурўҳ тақсим мекунанд:
    -давлати дорои сатҳи зиндагӣ;
    -давлати дуюм сатҳи миёнаи зиндагӣ; -давлати дорои сатҳи баланди зиндагӣ.
пешина
аз 91
навбатӣ