АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Баъд аз кор карда баромадани комплекси ҳаракати мол фирма барои ташаккулдиҳии системаи ҳаракати мол шурўъ менамояд. Инҷо бояд дар бораи масъалаҳои асосии зерин қарор қабул намояд:
*чи тавр бо супоришдиҳанда кор барад?
*захираҳои моддиро дар куҷо нигоҳ дорад?
*ў бояд чи қадар захира дошта бошад?
*чи тавр молҳоро бор карда фиристонад?
Хусусиятҳои савдои чакана
Савдои чакана- ҳар як фаъолияти фуруши мол ё хизмати барои истифодабарии шахсӣ бевосита ба истеъмолкуннадаи охирин. Дар ин ҳолат дар куҷо ( бо усули фурўши шахсӣ, ба воситаи почта, телефон ё худ автоматии савдо) фурўхтани мол аҳамият надорад.
Савдои чакана-яке аз соҳаи калонтарини мамлакат ба шумор меравад.
Магазинҳои чаканафурўшӣ қисми зиёди нуқтаҳои савдоро ташкил медиҳад.
Чаканафурўшон баробари гузаштани вақт, қатъи назар аз фурўши мол ба шахси алоҳида, синфҳои ҷамъиятӣ ё худ дар бозори оммавӣ фаҳмидаанд, ки онҳо фаъолияти худро шароити босуръат тағйирёбии муҳит мебаранд.Барои чаканафурўши ҳозиразамон зарур аст, ки ба аломатҳои тағйирёбӣ нигоҳ карда, барои дигарсозии стратегии худ тайёр бошад. Аммо иҷроиши қарор оид ба дигаргункунии стратегия кори осон нест.
Муассисаҳои чаканафурўшони хурд аз рўи сабабҳои зерин ахамияти калон дорад:
*дар инҷо шаклҳои нави савдои чакана пайдо мешаванд; *онҳо барои харидорон, бо сабаби дар ҳама ҷо мавҷуд буданашон мусоид мебошанд; *бисёр вақт онҳо бо дараҷаи баланди мутобиқшавӣ фарқ карда ба истеъмолкунандагон имконияти хизматрасонии индифидуалиро маҳайё карда метавонанд; *онҳо ба харидорон имконияти эҳсосоту мавқеъ шуданро медиҳанд.
Дар бисёр мамлакатҳо дар муассисаҳои савдои чакана чор сатҳи хизматрасонӣ дида мешавад.
- Муассисаҳои савдои чаканаи худхизматрасонӣ бо суръати тез зиёд шуда истодаанд. Худхизматрасонӣ яке аз шаклҳои фурўши мол дар асоси паст кардани нархи мол.
- Муассисаҳои савдои чаканае, ки мол озодона хоста гирифта мешавад.
Магазинҳое, ки стратегияи интихоби озодонаи молро истифода мебаранд, хароҷотҳои иловагӣ ба муносибати нигоҳ доштани хизматчиёни иловагӣ, назар ба магазинҳои худхизматрасонӣ андаке зиёд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё