Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Аз рўи натиҷаҳои омўхтани тарзҳои асосии каналҳо фирма (корхона) оиди ба самаранокии таркиби ў қарор қабул мекунад. Пас, масъалаи идоракунии канали интихобшуда пайдо мешавад. Идоракунии канал хостагирифтан ва далелнокии миёнаравҳои индивидуалиро талаб мекунад.
Фирма бояд дар вақтҳои муайян ба фаъолияти миёнаравҳои хеш аз рўи нишондиҳандаҳои зерин, ба монанди иҷроиши меъёри фурўш, нигоҳ доштани сатҳи миёнаи захираи молҳо фаврӣ ба истеъмолкунандагон бурда расонидани мол, муносибат ба молҳои латхўрда ва гумшуда ва ғайраҳо баҳо диҳад.
Ҳалли проблемаҳои ҳаракати мол
Системае, ки истеҳсолкунанда оид ба ҳаракати мол истифода мебарад, ба истеъмолкунандагони меҳнатӣ сахт таъсир мерасонад.
Ҳаракати мол: фаъолият оиди ба банақшагирӣ, назорат аз болои ҷойивазкунии физикии материалҳо ва маҳсулоти тайёр аз ҷои пайдоиши онҳо то ба ҷои истифодабарӣ ба мақсаднок қонеъ гардонидани мўҳтоҷии истеъмолкунандагон ба манфиати хеш хароҷотҳои асосии ҳаракати мол аз хароҷотҳои боркашонӣ ва дар анбор ҷойкунии мол, нигоҳ доштани захираҳои моддӣ, гирифтан, бор кардан, борпечонӣ, идоравӣ иборат аст.
Ҳаракати мол на фақат манбаи хароҷот, балки яке аз воситаи потенсиалии пайдо намудани талабот аст. Аз ҳисоби мукаммалгардонии системаи ҳаракати мол фирма метавонад хизматрасонии беҳтарин ё худ нархи арзон пешниҳод карда диққати харидорони (мизоҷони) иловагиро ҷалб намояд.
Бисёрии фирмаҳо мақсади ҳаракати молро дар таъмин намудани харидорон бо молҳои зарурӣ дар зотҳои зарурӣ, вақти зарурӣ бо хароҷоти камтарин мебинанд. Аммо ягон системаи ҳаракати мол якбора хизматрасонии максималиро барои мизоҷон ба дараҷаи минималӣ паст кардани хароҷотҳои тақсимоти молро баҷо оварда наметавонанд. Хизматрасонии максималӣ ба мизоҷон нигоҳ доштани зиёди захираи моддӣ, системаи бенуқсони боркашонӣ ва доштани амборҳои бисёр дар назар дошта метавонад.
Нуқтаи асосии ташкил додани системаи ҳаракати мол, ин омўхтани талаботи мизҷон ва пешниҳоди рақибон ҳисобида мешавад. Шавқи истеъмолкунандагон:
*дар сари вақт бо мол таъмин кардан; *тайёр будани таъминкунанда барои эҳтиёҷоти таъҷилии мизоҷонро қонеъ кунонидан; *муносибати покиза бо молҳо дар вақти боркунӣ ва фаровардани онҳо; *тайёр будани таъминкунанда, оид ба қабули молҳои нуқсондор ва иваз намудани онҳо; *тайёр будани таъминкунанда барои дошта истодани захираҳои моддӣ ба ҳурмати мизоҷон.

пешина
аз 91
навбатӣ