АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Дар бозорҳои майда фирма моли худро метавонад ба воситаи савдогарии чаканафурўш фурўшад.
Баъд аз муайян намудани бозори мақсаднок ва вогузории моли худ фирмаи (корхонаи) истеҳсолкунанда бояд тарзҳои асосии каналҳо ва шумораи миёнаравҳоро аниқ намояд.
Ҳар як фирма (корхона) мехоҳад моли худро барои тезтар ва бисёртар фурўхтан дар бозорҳои гуногун вогузор кунад.
Бинобар ин роҳбарияти фирма қарор кард, ки се тарзи каналҳои паҳнкунии молро истифода барад.
1.Зиёд намудани штати мутахассисони савдои фирма.
2. Ҷалб намудани дигар ташкилотҳо ба сифати вакили истеҳсолкунанда дар минтақаҳои гуногун ва соҳаҳо барои фурўхтани моли нав.
3. Дар нохияҳо ва соҳаҳо хоста гирифтани дистрибюторҳое (паҳнкунандаҳо), ки моли навро харида гирифта бо ихтиёри худ онҳоро мефўрўшанд. Инҷо бе дистрибюторҳо ҳуқуқи паҳнкунии мол додашуда, шароити гирифтани фоидаи муайян муҳайё карда мешавад.
Фирмаҳо ҳамавақт дар ҷустўҷўи каналҳои прогрессивии маркетингианд.
Дар баъзе мавридҳо дар каналҳое, ки фирма мувофиқи хоҳиши худ ташкил намудааст фаъолият намудан ё ниҳоят мураккаб, ё ниҳоят қиммат аст. Фирма бояд муайян намояд, ки дар ҳар сатҳи канал кадом шумораи миёнаравҳоро истифода кунад. Дар ҳалли ин проблема (масъала) бояд се нуқтаи назарро истифода бурд.
Тақсимоти интенсивона. Истехсолкунандаи молҳои талаботи ҳаррўза ва ашёи хоми мукаррарӣ, одатан кўшиш мекунад, ки таксимоти интенсивонаи онҳоро ба роҳ монад.
Барои ин хел молҳо шароити мусоиди харида гирифтан ҳатмист, яъне нуқтаҳои фурўши бепоён.
Тақсимот дар асоси ҳуқуқи мустасно. Баъзе истеҳсолкуннадагон шумораи миёнаравҳои савдои моли худро маҳдуд мекунанд.
Охирин шакли ин маҳдудият ҳамчун тақсимот дар асоси ҳуқуқӣ мустасно маълум аст, яъне ба шумораи маҳдуди дилерҳо (агентҳои савдо) барои тақсими моли фирма дар миқёси сарзамини фурўши онҳо ҳуқуқи мустасно дода мешаванд.
Тақсимоти интихобӣ (селективное). Ин усулро ҳамчун як чизи миёнае байни усулҳое интенсивонаи тақсимот ва тақсимот дар асоси ҳуқуқи мустасно тасаввур кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат шумораи миёнаравҳои ҷалбшаванда аз як зиёд, аммо аз шумораи умумии хоҳишмандон камтар аст. Фирма (корхона) метавонад бо миёнаравҳои хоста гирифтаи махсус муносибати касбӣ мукаррар намояд ва аз онҳо сатҳи баланди фурўшро интизор шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё