Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Муассисаҳои савдои чаканае, ки хизматрасонии онҳо маҳдуд карда шудаанд. Дар инҷо аз тарафи хизматчиёни савдо ба харидорон сатҳи баланди ёрӣ расонида мешавад, дар магазинҳо бисёртар молҳои интихобӣ пешакӣ фурўхта мешавад. Ба ғайр аз ин дар ин магазинҳо ба харидорон хизматрасонӣ ба таври бо қарз фурўхтан ва қабул кардани моли харидашуда пешкаш карда мешавад. Барои хароҷотҳои истифодабарии ин магазинҳо баланданд.
  2. Муассиаҳои савдои чаканае, ки хизматрасонии пурраро ба зимма гирифтаанд. Инҷо фурўшандагон ба харидорон дар ҳамаи давраи раванди ҷустуҷў, муқоиса ва интихоби мол ба расонидани шахсии худ тайёранд.
    Истеъмолкуннадагоне, ки хоҳиши хизматрасонии фурўшандагонро пеша мекунанд, аз ҳамин магазинҳои зерин харида гирифтан мумкин аст:
    -магазинҳои махсус (намудҳои сабзавот);
    -универмагҳо (атру упо, шим, пойафзол);
    -универсамҳои (худхизматрасонӣ, нархи арзонтар);
    -магазинҳои молҳои рўзафзун(нон, чой, қанд);
    -универсамҳои гурўҳи васеи мол ва комплексҳои савдо магазинҳои назар ба универсамҳои оддӣ ҳаҷман якчанд маротиба калон);
    -корхонаҳои чаканаи хизмати маишӣ (меҳмонхонаҳо, банкҳо, идораҳои таъмиркунӣ).
    Яке аз вазифаҳои муҳими чаканафурўшон қабул намудани қарори маркетингӣ оиди интихоби бозорҳои мақсаднок, гурўҳи молҳо ва комплекси хизматрасонӣ, нарх, усулҳои ҳавасмандкунии харидорон, интихоби ҷои ҷойгиркунии муассиса ба шумор меравад.

Хусусиятҳои савдои яклухт

Савдои яклухт- ҳар як фаъолияти оид ба фурўши мол ва хизмат ба ононе, ки молро барои харидафурўшӣ ва истифодабарии касбӣ харида мегиранд.
Фурўшандагони яклухт аз чаканафурўшон бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунанд.
*якум, фурўшандаи яклухт барои ҳавасмандкунии шароит ва ҷойгиршавии корхонаи савдои худ кам аҳамият медиҳад, чунки ў бисёртар ба мизоҷони касбӣ сару кор дорад, на балки бо истеъмолкунандагони охирин; *дуюм, ҳаҷми додугирифти фурўшандаи яклухт, назар ба чаканафурўш зиёдтар, доираи савдои ў назар ба чаканафурўш одатан васеътар аст; *сеюм, муносибати ҳукумат аз нуқтаи назари ҳуқуқ ва андоз ба фурўшандагони яклухт ва чакана ҳархелаанд.
Фурўшандагони яклухт самаранокии раванди савдоро таъмин карда метавонанд.

пешина
аз 91
навбатӣ