Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Талабот ҳама вақт нархи максималиро муайян мекунад. Нархи максималӣ аз рўи хароҷоти фирма муайян карда мешавад. Фирма (корхона) одатан, ба моли худ нархеро мегузорад, ки вай хароҷоти истеҳсолӣ, паҳнкунӣ ва фурўши молро рўпуш кунад ва фоидаи муайян ба даст орад.
Нархи максималӣ аз рўи талабот, минималӣ аз рўи хароҷот муайян карда мешавад. Аммо барои муайян кардани нархи миёна, нархи рақибон ва ҳиссиёти бозор таъсир мерасонанд. Фирма бояд нарх ва сифати моли рақибонро донад. Инро бо чунин роҳҳо фаҳмонидан мумкин аст:
-бо роҳи хариди муқоисавӣ;
-аз рўи нархи прейскурантии молҳои рақибон;
-бо роҳи аз тарафи харидорон фаҳмида гирифтани нарх ва сифати молҳои рақибон.
Пас аз донистани ҳаҷми талабот, миқдори хароҷот, нархи рақибон, фирма, тайёр аст, ки нархи моли худро муайян намояд.
Фирма (корхона) проблемаи нархгузориро дар натиҷаи истифодабарии усулҳои гуногуни ҳисоби нарх ҳал менамояд.

  1. Ҳисоби нархҳо бо усули «хароҷоти миёна ҷамъ фоида»
  2. Ҳисоби нархҳо дар асоси таҳлили безарарӣ (безиёнӣ) ва таъминоти фоидаи мақсаднок; 3. Муқаррар намудани нарх дар асоси ҳиссиёти қиммати мол; 4. Муқаррар намудани нарх дар сатҳи нархи ҷорӣ.
  3. Муқаррар намудани нарх дар асоси савдои пўшидашуда.

Муқарраркунии нарх бо молҳои нав

Рафтори фирма (корхона) ба проблемаи пайдошавии нарх ба марҳилаи ҳаёти мол вобаста аст.
Фирмае (корхонае), ки моли нави ба воситаи патент ҳимояшуда мебарорад барои муқаррар кардани нарх стратегияҳои «гирифтани қаймоқ» ё худ мустаҳкам воридшавӣ ба бозор».
Фирма ба моли нави бо патент ҳимояшуда нархи аз ҳад баландро муқаррар мекунад, то ки қаймоқи бозорро бигирад.
Корпоратсияи «Шириниҳои Шарқ» ба молҳое, ки бори аввал истеҳсол мекунад (моли нав) нархи баландтарин муқаррар кунад. Аз рўи ҳамин стратегия амал карда ў метавонад молҳои нави худро ба сегментҳои гуногуни бозор пешниҳод намуда ба дараҷаи максималӣ «Қаймоқи» молиявиро ба даст гирад.
Истифодабарии ин усул дар шароитҳои зерин маъно дорад:

пешина
аз 91
навбатӣ